§2. Шаклҳои гирифтани таҳсилот

Таҳсилот – ин раванди шиносоии инсон бо асрори олам аст, ки дар ҷараёни он инсон ҳамчун ҷузъи таркибии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул меёбад, худро мешиносад, дар ҷомеа тавассути ақлу хирад ва донишҳои андӯхтааш ҷойгоҳи муайян касб мекунад.

Таҳсилот – раванди муттасили таълиму тарбия, ки ба инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс равона карда шудааст.

Банди 43-и моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

Давлат вазифадор аст, ки:

а) дар асоси баробарҳуқуқӣ таҳсили ибтидоиро дастрас

ва ҳатмию ройгон гардонад, таҳсилоти миёна ва олии касбиро дастраси ҳамагон созад;

б) дар ҳамаи муассисаҳои олӣ сатҳу сифати баробари таъ-

лимро таъмин намояд;

в) гирифтани таҳсилот ва такмили онро эҳтиром намояд,

тайёр кардани омӯзгорони ояндаро таъмин кунад.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ба таҳсил давлат навъҳои зерини таълимро кафолат медиҳад:

  1. Таълиму тарбияи томактабӣ. Таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда мешавад.
  2. Таҳсилоти умумӣ. Таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти умумӣ дар бораи табиат, ҷамъият ва арзишҳои таърихию фарҳангии милливу умумибашарӣ ташкил карда мешавад. Таҳсилоти умумӣ дар се зина амалӣ мегардад: ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ. Ба синфи якуми зинаи аввали таҳсилот ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ҳатмист. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии асосӣ ҳатмист. Баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд. Таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо аттестатсияи хатм ба анҷом мерасад.
  3. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ. Шаҳрвандон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияташон дар асоси озмун ё тариқи гузаронидани суҳбат ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқи дохил шудан доранд. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар литсейҳои касбӣ-техникӣ ва соҳавӣ, марказҳои таълимии калонсолон ва дигар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  4. Таҳсилоти миёнаи касбӣ. Шаҳрвандон баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти миёнаи касбиро доранд. Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амалӣ карда мешавад.
  5. Таҳсилоти олии касбӣ. Шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ қабул карда мешаванд. Таҳсилоти олии касбӣ тавассути донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои олии касбии ба онҳо баробаркардашуда дода мешавад. Таҳсили шаҳрвандон дар ин муассисаҳо дар асосӣ озмун ройгон ё бо қарордод (пулакӣ) таъмин мегардад.
  6. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ. Муассисаи таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ташкил карда мешавад. Таҳсили мазкур тавассути магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос), докторантура ва постдокторантура ки дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ фаъолият доранд, амалӣ мегардад.
  7. Ҳамчунин ҳуқуқ ба таҳсил ба инсон имконияти гирифтани таҳсилоти иловагиро медиҳад. Таҳсилоти иловагиро шахс ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, баъд аз хатми муассиса ва ё баъди гирифтани диплом ба таври ройгон ё пулакӣ соҳиб шуда метавонад. Таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии навъи муассисаҳои иловагӣ ва таҳсилот, майлу хоҳиши хонандагон, донишҷӯён асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шаҳрвандон пешниҳод мегардад.
  8. Таҳсилоти махсус барои ашхосе, ки имкониятҳои маҳдуд дошта, ба табобати тулонӣ эҳтиёҷ доранд ва гирифтори иллати ҷисмонӣ, руҳӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст, таъмин карда мешавад. Муассисаҳои таълимии махсус дар шакли муассиса-интернатҳо, муассисаҳои махсуси таълимӣ ва синфҳои махсус ташкил мегарданд.

Реклама