Ҳуқуқи озодона ҳаракат кардан ва интихоб намудани маҳалли зист мутлақ набуда, ба зумраи ҳуқуқу озодиҳое мансуб аст, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои ашхоси дигар, ҳифзи амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатию осоиштагии аҳолӣ аз ҷониби давлат онро метавон маҳдуд намуд.
Ҳуқуқи мазкурро дар ҳудудҳои низоми муайяндошта маҳдуд кардан мумкин аст: дар минтақаи сарҳад, дар шаҳрҳои мамнуи ҳарбӣ; дар минтақаҳои маъмурию ҳудудии мамнуъ; дар минтақаҳои фалокатҳои экологӣ; дар ҳудудҳо ва мавзеъҳои аҳолинишини ҷудогонае, ки он ҷо ба сабаби мавҷудияти хавфи паҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва заҳролудшавии одамон шартҳо ва реҷаҳои махсуси зиндагию фаъолият ҷорӣ карда шудаанд; дар ҳудудҳое, ки вазъиятҳои фавқулода ва ё ҷангӣ ҷорӣ гардидаанд.
Ҳуқуқи шаҳрвандонро баҳри берун рафтан аз ҳудуди мамлакати худ низ бо мақсади таъмини амнияти давлатӣ ва нигаҳдории сирри давлатӣ маҳдуд кардан мумкин аст. Масалан, агар вобаста ба фаъолияти хидматӣ одам аз сирри давлатӣ бохабар бошад, барои ӯ тартиботи махсуси гирифтани рухсатнома баҳри берун рафтан аз ҳудуди мамлакати худ мавҷуд аст. Ҷойи зисти низомиён ҳангоми иҷрои хидмати низомӣ муайян карда мешавад.
Тибқи моддаи 4-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода» (соли 1995) дар ҳолати эълон гардидани вазъияти фавқулода мақомоти ҳокимияти давлатӣ метавонанд чунин чораҳо андешанд: ба таври муваққатӣ аҳолиро аз ҷойҳои барои зист хатарнок бо ҳатман ҷудо кардани ҷойҳои статсионарӣ ва дигар ҷойҳои зист берун кунанд; дар он ҷо низоми махсуси рафтану омадани шаҳрвандонро ҷорӣ намоянд; ба шаҳрвандони алоҳида ба муҳлати муқарраргардида тарк кардани ҷойи муайян, хонаи (ҳавлии) худро манъ кунанд; карантин, соати комендантӣ ҷорӣ намоянд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама