Дар шароити имрӯза ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат мебошад, зеро он ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои инсон, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ равона шудааст. Он дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар шакли адолати судӣ, назорати махсус, назорати прокурорӣ, тафтишоти пешакӣ, назорати давлатии молиявӣ ва ғайра амалӣ карда мешавад. Нақши давлат, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фароҳам овардани имконият барои дар ҳаёт татбиқ намудани ҳуқуқи инсон хеле калон аст. Аз ин рӯ, давлат ҳуқуқи позитивиро дар симои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ муқаррар намудааст, ки он механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсонро муаяйн намуда, ба шахсони алоҳида имконият фароҳам меорад, ки аз ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои худ пуштибонӣ намоянд.
Механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон гуфта тарз ва воситаҳои ҳуқуқиеро меноманд, ки тавассути онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҳар гуна дахолати беасос ва ғайриқонунӣ ҳимоя шуда, ҳуқуқҳои поймолшуда бо тартиби дахлдор ва бо истифода аз механизмҳои мувофиқ барқарор карда мешаванд.
Реклама