Вазъи ҳуқуқии шахс – маҷмуи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шахс мебошад.
Мазмуни вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳое, ки дар қонунгузории ҶТ муқаррар шудаанд, ташкил медиҳад. Боби 2-и Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст (моддаҳои 14 то 47).
Яке аз унсурҳои асосии вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ ва дахлнопазирии ҳуқуқии инсон мебошад. Дар моддаи 5-и Конститутсия омадааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд». Мазмуни ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсро муқаррароти моддаи 19-и Конститутсия дар бораи манъ будани бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс намудани шахс ва ба воситаи ин қоида эътироф намудани ҳуқуқ ба озодӣ пурра менамояд. Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро эътироф менамояд. Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ чунин таҳким шудааст: «Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад». Дар дигар моддаи ҳуҷҷати байналмилалии мазкур омадааст: «Ҳеҷ касро худсарона дастгир, ҳабс ё бадарға кардан мумкин нест». Меъёрҳои мазкур ҳамчунин дар Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таҷассум ёфтааст. Аз ҷумла дар қисми 1-и моддаи 9-и ҳуҷҷати мазкур омадааст: «Ҳар як инсон ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона ба ҳабс гирифта шавад ё дар ҳабс нигоҳ дошта шавад. Ҳеҷ кас набояд аз озодӣ, ғайр аз асосҳо ва мутобиқи расмиёте, ки тавассути қонун муқаррар карда шудаанд, маҳрум карда шавад».
Унсурҳои дигари ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд баробарҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон муқаррар гардидааст: «Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи баробар ҳуқуқ доранд». Меъёрҳои моддаи 17-и Конститутсия муқаррар менамоянд, ки «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Хусусияти ин меъёр дар он аст, ки он на фақат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шахсон дар қаламрави ҷумҳурӣ татбиқ мегардад.
Реклама