Мақомоти гумрукӣ бо мақсади талофӣ кардани зарар тадбирҳои зеринро ба амал мебароранд: барои қабули қарори ғайриқонунӣ ҳаракат ё беҳаракатӣ шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ мувофиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ ё дигар навъҳои ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мақомоти гумрукӣ ба ашхос ё амвол барои қабули қарори ғайриқонунӣ, ҳаракат ё беҳаракатии шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ ё шахсони дигар, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар овардаанд, товони зарарро медиҳанд, агар тадбири дигаре бо Кодекси мазкур ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошанд. Зарари бо амалҳои қонунии мақомоти гумрукӣ расонидашуда талофӣ карда намешавад.Умуман, пардохти андозҳо ва боҷҳо вазифаи конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моловаранда ва молбароранда мебошад. Риояи Кодекси андоз ва дигар қонунҳои марбут ба андозбандӣ барои ҳамаи онҳо ҳатмӣ ба шумор меравад. Ин талабот на танҳо барои таъмини устувории иқтисоди миллӣ, балки барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар низ муҳим мебошад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама