Мутафаккирони тоҷик аз аҳди қадим дар қатори баррасии дигар масоили муҳимми давлатдорӣ оид ба мавзуъҳои мавқеи инсон дар ҷомеа, робитаи инсон бо атроф, муносибати инсон бо давлат, мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ фикру андешаҳои судманд пешниҳод намудаанд. Андешаҳо, ғояҳо, нуқтаҳои назари мутафаккирони тоҷик шакли инъикоси фарҳанги миллӣ ва орзуву ормони тоҷикон буда, аз ақидаҳои мутафаккирони Ғарб фарқи куллӣ доранд. Тоҷикон миллати тамаддунофар буда, дар инкишофи тамаддун ва фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд.
Осори мутафаккирони бузурги тоҷику форс чи аз нигоҳи адабиётшиносӣ ва чи аз нигоҳи алоқамандӣ бо илми ҳуқуқ лоиқи омӯзиш ва таҳқиқ аст. Осори бузургонамон шакли ифодаи арзишҳои ҳуқуқӣ (адолат, озодӣ, баробарӣ) маҳсуб мешавад. Албатта, ҳуқуқ ба маънои имрӯзааш дар он давраҳо вуҷуд надошт, лекин дар ҳама давру замонҳо ҳуқуқ ва адолат дар шаклҳои гуногун ба назар мерасанд. Ин нишондодҳо дар ҳар давру замон вобаста ба шакли давлатдорӣ ва хусусиятҳои сохти ҷамъиятӣ ба таври мухталиф таҷассум меёфтанд. Барои равшан намудани гуфтаҳои хеш пиромуни осори баъзе аз мутафаккирони тоҷику форс, ки ба эътирофу ҳимояи ҳуқуқи инсон бахшида шудааст, андешаи худро иброз менамоем:
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858 – 941). Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс роҷеъ ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон панду андарзҳои зиёд гуфта, барои кафолати ҳуқуқу озодиҳои мардуми азияткашидаи давраи худ талошҳо кардааст. Дар ҷаҳони имрӯза Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ҳамчун шахсияти некбину дурандеш мешиносанд, ки дар тамоми умри хеш барои барқарории адолати иҷтимоии қишрҳои гуногуни ҷомеа талош кардаву робитаи мустаҳками байни давлату шахсро асоси пойдории адолати иҷтимоӣ арзёбӣ намудааст. Ӯ одамонро новобаста ба вазъи иҷтимоию камбудии ҷисмонӣ дар як сатҳ эътироф карда, мардӣ ва ҷавонмардиро ба шахсоне мансуб додааст, ки дасти маъюбону ятимонро гирифта, онҳоро чун инсони комил эътироф мекунад.
Ашъор ва амалкардҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бештар ба ҷанбаҳои ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон бахшида шуда, дар он омилҳои фитрӣ ва иҷтимоии ҳифзи ҳуқуқҳои барҷомондагон ва пиронсолон бахусус таъкид шудааст. Дар Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» шоир бештар аз рӯзгори пирӣ ҳамчун даврони нотавонии инсон изҳори мулоҳиза намуда, зарурати нигоҳубин ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар ин даврон баён намудааст. Осори ин марди хирад барои имрӯз низ як роҳнамо ва намунаи ибрат барои инсоният аст, ки хушбахтона, баҳогузории он воқеияти имрӯзаи ҳуқуқи инсонро нишон медиҳад, зеро баробарии иҷтимоӣ кафолати ҳуқуқу озодиҳоро тақозо дорад.
Яке аз офаридаҳои бисёр мондагор ва тарғибгари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкимбахши робитаи шахс ва давлат ин назми «Калила ва Димна»-и устод Рӯдакӣ маҳсуб мешавад.
Абулқосим Фирдавсӣ (940 – 1020). Дар баробари зинда намудани тамаддуни мардуми тоҷику форс, ғояҳои олии инсондӯстии шоҳигариҳои Пешдодию Каёнии Аҷамро бо низоми устувори давлату давлатдорӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш манзури наслҳои оянда гардонидааст. Ӯ аз доди адлу инсоф, баробарию бародарӣ, озодию мустақилияти халқу миллатҳо дар либоси назм ақидаҳои судманду ибратбахше гуфтааст.
Абулқосим Фирдавсӣ кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсонро тавассути расонидани ҳақ ба ҳақдор ва татбиқи адолати баробаркунанда аз ҷониби мақомдорон арзёбӣ намуда, пойдории сиёсати адлпарастонаро дар робитаи мутақобилаи давлат ва шахс медид. Дар андешаи Абулқосим Фирдавсӣ унсури муҳимми ифодакунандаи ҳуқуқи инсон ибораҳои «дод», «ростӣ» (мутаносиби ҳақиқату адолат) ва «меҳр» (адлу инсоф) баромад мекунад, ки ҳоло низ назарияи навини ҳуқуқи фитрӣ онҳоро маҳаки шинохти ҳуқуқи инсон қарор додааст.
Ба андешаи Абулқосим Фирдавсӣ баробарии инсонҳо аз баробарии онҳо дар назди Офаридгор маншаъ мегирад ва ӯ пайваста таъкид менамояд, ки инсонро Офаридгор баробар офаридааст. Бинобар ин ҳеҷ кас ва ҳеҷ мақом ҳақ надорад нисбат ба инсонҳо вобаста аз баромади иҷтимоӣ тафриқа гузорад. Ба ақидаи ӯ ҳама мулку давлатҳо, бойу гадо ва шоҳу дарвеш тобеи қуд- рати Офаридгор буда, назди ӯ масъуланд. Ҳамзамон Абулқосим Фирдавсӣ иброз менамояд, ки Офаридгор инсонҳоро баробар офаридааст ва риоякунандаи ин муқаррарот дар назди ӯ мартабае дорад.
Ҳамин тавр, Абулқосим Фирдавсӣ дар васфи баробарӣ, меҳрпарварӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкии инсон ақидаҳои судманде гуфтааст, ки ҷавобгӯ ба шароити имрӯзаи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошанд.
Абуалӣ ибни Сино (980 – 1037). Дар осори Абуалӣ ибни Сино масъалаи робитаи байни давлату оила мавқеи махсус дорад, ба андешаи ӯ тарбияи фарзандон, муносибати байниҳамдигарии фарзандон ва волидон робитаи байни давлату шахсро мустаҳкам менамояд. Волидон дар тарбияи фарзандон масъул мебошанд, фарзандон дар навбати худ вазифаҳои муайянро дар бобати таъмини волидон ба уҳда доранд. Ин андешаҳои хирадмандонаи ӯ имрӯз низ ба нафъи ҷомеа буда, барои пойдории сулҳу субот зарур мебошад.
Албатта, аз осори ин шахсияти таърихӣ равшан мегардад, ки Сино хидмати шоиста ва ибратомӯз барои илм, тамаддун, ҳикмати одамшиносӣ ва оламшиносӣ ва эътирофи адлу инсоф кардааст. Дар шинохти мақом ва мартабаи Абуалӣ ибни Сино ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст: «Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва инсоният гузош- тааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи инсонӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо мекунад». Ибни Сино робитаи мустаҳкаму хирадмандонаи шахсро бо давлат асоси пойдории давлатдорӣ эътироф менамояд.
Носири Хусрави Қубодиёнии Балхӣ (1004 – 1088). Дар қатори андешаҳои фалсафию ахлоқии ин мутафаккири мондагор назару андешаҳои ҳуқуқию сиёсии ӯ мавқеи назаррас ва мақоми шоистаи илмиро касб менамоянд. Дар эҷодиёти ӯ инсон ва мақоми хуқуқии ӯ мавқеи шоистаро касб кардааст.
Носири Хусрав дар «Зод-ул-мусофирин» дар боби маснуоти олам ҳарф мегӯяд. Дар ин қавл ӯ инсонро андар олами ҷисм олитарин ва шарифтарин махлуқ ҳисобида, феълҳои ӯро баландтар аз ҳама феълҳо медонад ва далели ин ҳамаро дар ақлонияти инсонӣ, ки ҳидоят бар амалҳои нек ва пешгирӣ аз амалҳои зишт дар сатҳи тафаккури инсониро доро аст, асос меҳисобад.
Инсоншиносии Носири Хусрав ба мантиқи асили илмӣ ва баҳогузории рафтори инсон такя намуда, қабл аз ҳама инсонро ҳамчун махлуқи дорои ақли худшинос муайян менамояд ва баҳогузории ӯро маҳз дар ҳамин хислати худшиносӣ ва худфаҳмии худ ва кирдораш дода, натиҷаи аъмоли ӯро дар ҳамин васлият ба тарозуи аъмоли адлу инсоф вогузор менамояд. Ин навъ баҳогузорӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ дар беҳтарин тарозуҳои адли оламӣ аз тарозуи Осириси мисрӣ то Фемидаи юнонию Рашани тоҷикию маҷмааи озодию хиради амрикоӣ мутобиқ ва мувофиқ аст.
Муҳаммади Ғазолӣ (1058 – 1111). Яке аз бузургтарин алломаҳои тоҷику форс аст, ки дар илми ҳуқуқ, давлатдорӣ, фалсафа ва диншиносӣ асарҳои зиёде таълиф намуда, барои пешбурди тамаддуни асрҳои миёнаи Шарқ хидмати арзандае кардааст.
Андешаҳои Муҳаммади Ғазолӣ дар бораи ҳуқуқ ва адолат, ҳимояи манфиатҳои гуногуни табақаҳои аҳолӣ, зарурати ба ҳамаи субъектҳои ҳуқуқ додани имкониятҳои баробар, бомаърифатии арбобони давлатӣ, бартарии адолат ва хирадмандӣ дар байни дигар арзишҳои ахлоқӣ, робитаи шахс ва давлат то кунун арзиши худро аз даст надодаанд ва дар рушди давлатдориҳои миллӣ хидмат карда истодаанд.
Муҳаммади Ғазолӣ ҳимояи ҳуқуқи инсонро бо роҳи тарбия намудани мақомоти роҳбарикунанда талқин мекунад. Аз ин назар ӯ ба фалсафаи сиёсии юнониён, подшоҳони аҷам, паёмбарони қавми яҳуд ва асосгузорону донишмандони исломӣ такя намуда, кӯшиши дар доираи адл, инсоф, авф, баробарӣ, хайрхоҳӣ маҳдуд намудани ҳокимиятро ташвиқу тарғиб менамояд. Ӯ ба ҳокимон ва маликҳо муроҷиат намуда, чунин андарзи сиёсӣ-ҳуқуқӣ мегӯяд: «Эй фарзанди одам, адл кун, ҳамчунон ки бо ту адл кунанд». Дар ин ҷо Муҳаммади Ғазолӣ робитаи давлату шахсро нишон дода истодааст. Аз назари ӯ ҳар амал подош дорад, подоши бадӣ бадию подоши некӣ некист.
Андешаҳои озодӣ, баробарӣ ва инсондӯстӣ аз ҷониби яке аз олимони барҷастаи асри XIX Аҳмади Дониш (1826 – 1896) низ инкишоф дода шудаанд. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда, давлатро аз диди чашми инсон, қонунҳои онро аз диди хирад ва таҷриба, на аз назари дин баррасӣ намуд. «Хирад ва давлат – менависад Аҳмади Дониш, – аз якдигар ҷудонопазиранд». Аз диди Дониш вазифаи асосии давлат ғамхорӣ ба халқ аст.
Ба андешаи мутафаккир шукуфоии мамлакат, оромии халқ, инкишофи иқтисодиёт ва фарҳанг танҳо он вақт имконпазир мегардад, ки агар корҳои давлатӣ бо тартиби муқарраршуда қатъиян амалӣ шаванд. Андешаҳои Аҳмади Дониш оид ба нақши зан дар ҷомеа басо ҷолибанд. Мутафаккир баробарии зану мардро дар муносибатҳои оилавӣ талқин мекард. Ба ақидаи ӯ ҳамаи корҳои оилавӣ бояд бо созиши якҷояи ҳамсарон ҳал карда шаванд. Ба онҳо бояд ҳуқуқҳои шахсӣ ва молумулкии баробар дода шавад. Ӯ менависад: «Зане, ки дорои фарзанд аст, соҳибхонаи тамоми моликияти шавҳари худ аст ва ба таъминоти муносиб ҳуқуқ дорад». Ҳамин тариқ, хусусияти фарқкунандаи андешаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии Дониш, ки дар назарияҳои ӯ оид ба давлат, сиёсат ва ҳуқуқ вомехӯранд, ба инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, ғамхорӣ, беҳбудии халқ ва таъмини адолат ва баробарии иҷтимоӣ равона шудааст.
Доир ба андешаҳои давлатӣ-ҳуқуқии ниёгонамон ба пуррагӣ маълумот додан ғайриимкон аст, зеро тамоми осори онҳо дарбаргирандаи андешаҳои ахлоқӣ-ҳуқуқианд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
ФАСЛИ II ҲУҚУҚИ ИНСОН: МАФҲУМ, МОҲИЯТ, ТАНОСУБ БО ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА.
МАВЗУИ 1 МАФҲУМИ ҲУҚУҚУ ОЗОДӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД.
§1. Мафҳуми ҳуқуқу озодии инсон
Инсон манфиат ва талаботашро ба неъматҳои зиндагӣ бо ёрии ҳуқуқу озодиҳояш қонеъ мегардонад. Бо рушди ҷомеа талаботи инсон ба неъматҳои моддӣ ва маънавӣ зиёд мешавад. Ин имкониятҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар амалӣ карда мешаванд. Имкониятҳои қонеъ гардонидани талабот ва манфиатҳои инсон дар робита бо рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ васеъ мешаванд.
Ҳуқуқи инсон – маҷмуи имкониятҳо ва андозаи фаъолияти имконпазири инсон дар ҳаёти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад, ки ба қонеъ гардидани талабот, манфиатҳо ва ниёзи гуногуни одамон мусоидат мекунад.
Инсон имкониятҳои қонеъ гардонидани талаботашро ба неъматҳои моддӣ ва маънавӣ тавассути анҷом додани намудҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ, ҳунармандӣ, эҷоди бадеӣ, техникӣ амалӣ мекунад. Намудҳои гуногуни фаъолияти инсон, ки дар робита бо амалӣ намудани ҳуқуқҳо ба роҳ монда мешаванд, бо меъёрҳои ҳуқуқ танзим карда мешаванд. Аз ин хотир, ҳуқуқи инсон андоза ё меъёри (ҳадди) фаъолияти имконпазири инсон аст.
Озодӣ чунин ҳолати шахсӣ аст, ки дар он инсон мустақилона, бо азму иродаи худ, дар доираи қобилият, хоҳиш, имкониятҳо, ҷаҳонбинӣ ин ё он намуди фаъолиятро интихоб менамояд ё андешаашро иброз мекунад. Озодӣ намудҳои зерин дорад: озодии шахсӣ (озодии як шахс); озодии коллективӣ (озодии гурӯҳи одамон); озодии сиёсӣ (озодона ширкат намудан дар ҳаёти сиёсӣ ва давлатӣ, дар раъйпурсӣ); озодии иҷтимоӣ (озодона амалӣ намудани ҳуқуқ ба таҳсил, аз ҷумла интихоби озоди шакли таҳсил, намуди муассисаи таҳсилотӣ, таҳсил дар мамлакат ё дар хориҷи кишвар); озодии иқтисодӣ (озодии соҳибкорӣ, озодии шаклҳои имконпазири фаъолияти иқтисодӣ, озодона ихтиёрдорӣ намудани моликияти хусусӣ ва ғайра); озодии фарҳангӣ (озодии эҷоди бадеӣ, истифодаи озоди дастовардҳои фарҳангӣ ва ғайра); озодии эҷоди илмӣ, техникӣ.
Айни замон озодии инсон номаҳдуд буда неметавонад. Озодии беинтиҳо боиси фаъолияти худсаронаи инсон мегардад. Озодии шахс нисбӣ аст. Озодии шахс меъёр, ҳад, ҳудуд дорад. Меъёри озодии инсонро меъёрҳои қонунгузорӣ (Конститутсия, қонунҳо, кодексҳо ва ғайра) муқаррар мекунанд. Илова бар ин ҳадди озодии инсонро ҳуқуқу озодиҳои дигарон муайян мекунад. Мутобиқи моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд».
Ҳадди озодии инсон бо манфиатҳои давлат, ҷомеа, одамон, арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ, анъанаҳои таърихӣ ва фарҳанги миллӣ муайян карда мешавад.
шарти амалӣ намудани озодӣ мебошад. Масъулият ҳадди озодии инсонро муқаррар мекунад. Масъулият намудҳои зерин дорад: масъулияти шахсӣ, коллективӣ ё гурӯҳӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, экологӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ. Масъулияти ҳуқуқӣ мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ муқаррар карда мешавад.
Озодӣ – тарзи махсуси ҳастии инсон мебошад, ки бо қобилияти интихоби ин ё он намуди фаъолият мутобиқи мақсадҳо ва манфиатҳо алоқаманд аст.
§2. Ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи шаҳрванд
Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» номгузорӣ шуда, дар он мафҳумҳои «ҳуқуқи инсон» ва «ҳуқуқи шаҳрванд» ҷудо карда мешаванд.
Ҳуқуқи инсон ҳуқуқҳои фитрӣ буда, хусусиятҳои зерин дорад:
Ҳуқуқҳои шаҳрванд хусусиятҳои зерин доранд:
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
§3. Таносуби ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд
Ҳуқуқу озодиҳо бо вазифаҳои инсон ва шаҳрванд робитаи устувор доранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иҷрои вазифаҳоеро, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ мешаванд, дар назар дорад. Ба ҳар як ҳуқуқ ва озодии инсон вазифаҳои муайян мутобиқат доранд. Ҳуқуқ ба ҳаёт, ба истироҳат, ҳифзи саломатӣ, манзил ва дигар дар доираи иҷрои вазифаҳои муайян амалӣ карда мешаванд.
Ҳуқуқи инсон меъёри амали имконпазир буда, интихоби ин ё он намуди фаъолиятро таъмин мекунад. Вазифа бошад, меъёри амали ногузир аст. Вазифаҳо заминаи таъмини тартибот, қонуният, муташаккилӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошанд.
Вазифаҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории миллии давлатҳо, шартномаҳо (шартномаҳои байналмилалӣ, коллективӣ, маданӣ, меҳнатӣ), санадҳои меъёрии ҳуқуқии ташкилотҳои хусусӣ ва ғайра муқаррар карда мешаванд. Тафовути вазифаҳои инсон ва вазифаҳои шаҳрванд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешавад. Чунончи риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи шаҳрванд аст.
Вазифа – меъёри амали ногузир, масъулият, амалест, ки мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда ва бо дарназардош- ти манфиатҳои одамон, ҷомеа ва давлат иҷро карда мешавад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама