§1. Ҳуқуқ ба моликият ва мерос: мафҳум ва аҳаммияти он

Яке аз ҳуқуқҳои асосие, ки ҳастии инсонро ифода намуда, ӯро ҳамчун субъекти муносибатҳои молумулкӣ ифода мекунад, ҳуқуқи инсон ба моликият ва мерос мебошад.

Ҳуқуқ ба моликият ва мерос дар Конститутсияи ҶТ, қонунҳои ҷорӣ, кодекси маданӣ ва санадҳои хуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мустаҳкам карда шуда, кафолат дода мешаванд.

Дар моддаи 12-и Конститутсияи ҶТ муқаррар шудааст: «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад».

Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.

Моддаи 32-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моликияти хусусӣ дар намуди моликияти шахсони воқеӣ ё моликияти шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ буда метавонад. Моликияти давлатӣ дар намудҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва моликияти коммуналӣ (моликияти воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва шаҳраку деҳот) вуҷуд дошта метавонад.

Ҳуқуқ ба моликият дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар моддаи 17 мустаҳкам гардидааст: «Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад худаш танҳо ё якҷоя бо дигарон моликият дошта бошад. Ҳеҷ кас худсарона аз моликият бояд маҳрум карда нашавад».

Ҳуқуқ ба моликият ҳуқуқи бо қонунгузорӣ эътирофгардида ва ҳифзшавандаи субъект ҷиҳати ба салоҳдиди худ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани ашёе мебошад, ки ба он мансубанд.

Қисми 1-и моддаи 279-и Кодекси мадании Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Мазмуни ҳуқуқи моликият ба воситаи ваколати сегона кушода мешавад: доштан, истифода ва ихтиёрдорӣ кардан.

Доштан. Зери ваколати доштан имконияти бо қонун асос- ёфтаи дар худ доштани амвол фаҳмида мешавад.

Истифода. Ваколати истифода имконияти бо қонун асосёфтаи истифодаи хоҷагидорӣ ё дигар намуди истифода бо роҳи аз он бардоштани самара ё истеъмоли он фаҳмида мешавад.

Ихтиёрдорӣ. Ваколати ихтиёрдорӣ маънои имконияти муайян кардани тақдири ҳуқуқии амволро бо роҳи тағйир додани соҳибӣ, ҳолат ё таъиноти он бегонакунӣ тибқи шартнома, ба мерос гузоштан, нест карданро дорад.

Агар инсон аз имконияти амалӣ намудани ҳатто яке аз ваколатҳои зерин маҳрум гардад, ин ҳолат аз вайрон гардидани ҳуқуқи моликият шаҳодат медиҳад.

Ҳифзи ҳуқуқи моликияти хусусӣ аз тарафи қонунгузории ҷиноятӣ, маданӣ, маъмурӣ ва ғайра амалӣ карда мешавад. Кодекси ҷиноятии ҶТ ҷавобгарии ҷиноятиро барои чунин ҷиноятҳои зидди моликият, ба монанди дуздӣ, азонихудкунӣ, қаллобӣ ва ғайра пешбинӣ мекунад. Кодекси маданӣ асосҳои ба вуҷудоӣ ва қатъгардии ҳуқуқи моликиятро муқаррар мекунад.

Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки ҳимояи моликияти хусусӣ аз тарафи давлат танҳо ба даромад ва амволи бо роҳи қонунӣ ба дастомадаи шаҳрвандон паҳн мегардад.

Яке аз намудҳои моликиятро моликияти зеҳнӣ ташкил медиҳад. Моликияти зеҳнӣ – ин ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволии шахсӣ нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои маданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хидматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ) ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда мебошад. Ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ – ин ҳуқуқ ба натиҷаи фаъолияти ақлонӣ (зеҳнӣ) мебошад.

Дар сурати вафоти шахси воқеӣ ҳуқуқи моликият ба ашёи ӯ тибқи васиятнома ё қонун чун мерос ба шахсони дигар мегузарад.

Қисми 4-и моддаи 288-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқи мерос низ ба ҳар кас кафолат дода мешавад, мерос метавонад ҳуқуқи моликият ба амвол, ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва ғайраро фаро гирад.

Аз амвол бар зарари манфиатҳои дигарон истифода кардан манъ аст.

Ҳуқуқи моликиятдориро танҳо дар асоси қонун маҳдуд кардан мумкин аст.

Мерос амволест, ки тартиби меросгузорӣ аз одами фавтида (меросгузор) ба меросгирон мегузарад.

Кафолати ҳуқуқи моликияти хусусӣ ҳамчунин ҳуқуқи мерос мебошад. Ҳуқуқи мерос бояд иҷрои иродаи соҳибмулкро нисбат ба амволи ӯ кафолат диҳад ва дар айни замон адолатро таъмин намояд.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ғайриқонунӣ шаҳрвандро аз моликият ва мерос маҳрум созад ё ҳуқуқи ӯро ба моликият ва мерос маҳдуд кунад, аммо дар баъзе ҳолатҳо дар асоси қонун маҳдуд кардан мумкин аст.

Реклама