Вазифаи таъмин намудани шароити шоистаи зиндагӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон матлаби ғамхории давлат дар симои мақомоти он мебошад. Мақомоти давлатӣ вазифаҳои соҳавии худро иҷро намуда, дар як вақт вазифадоранд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро на танҳо риоя, балки муҳофизат ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҳимоя низ кунанд. Аз иҷрои чунин уҳдадорӣ дар асоси муқаррароти моддаи 10-и Конститутсия ягон мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он озод нест. Вале мақомоту муассисаҳое ҳастанд, ки фаъолияти онҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон бевоситаву бештар ба назар мерасад. Албатта, ин пеш аз ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд. Вале дигар институтҳое ҳастанд, ки нақши онҳо дар ҳимоя намудани ҳуқуқи инсон кам нестанд. Мисол, Президенти ҶТ, Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, прокуратура, адвокатура ва дигарон.
Гузашта аз ин яке аз хислатҳои институтҳои давлатии ҳимояи ғайрисудии ҳуқуқи инсон дар он аст, ки фаъолияти онҳо нисбат ба ҳимояи судӣ характери фаъол доранд. Яъне агар ҳокимияти судӣ дар асоси муроҷиати шахсон пешбурди судиро шуруъ намояд, мақомоти давлатӣ, маъмурӣ, ғайрисудӣ бо ташаббуси худ ҳуқуқвайронкуниҳоро муайян намуда, баҳри барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи одамон, чораҳои мушаххас меандешанд.
Дуюм, агар мақомоти судӣ муроҷиати шаҳрвандонро дар асоси тартиби муқаррарнамудаи кодексҳои мурофиавӣ қабул ва баррасӣ намояд, мақомотҳои ғайрисудӣ дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки аз 23-юми июли соли 2016 қабул шудааст, қонунҳои соҳавӣ қабул ва баррасӣ менамоянд. Қонуни мазкур дар ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба овардани аризаву шикоятҳо ва баррасиву ҳал намудани онҳо аз тарафи шахсони мансабдори масъул нақши муҳим дорад. Дар ин қонун мазмуни пешниҳод, ариза ва шикоят кушода дода шуда, шахсони масъули ҳал намудани аризаву шикоят, шартҳои баррасӣ намудани он, муҳлати ҳал намудани шикоятҳо, натиҷаи саривақт баррасӣ намудан ва ҳал накардани аризаву шикоятҳо муайян карда шудааст.
Президент – ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Мақом, вазъи ҳуқуқӣ ва нақши Президентро дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии ҷомеа боби 4-и Конститутсия муқаррар намудааст.
Тибқи моддаи 64-и Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Мазмуни ин муқаррароти Конститутсия хеле васеъ аст. Якум, дар ин модда омадааст, ки Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо аст. Яъне Президент шахсест, ки Конститутсия ва қонунҳоро ҳимоя ва пуштибонӣ менамояд. Президент шахси муқаррарӣ набуда, дорои мансаби олии давлатӣ аст. Ӯ имконият ва қудрат дорад, ки муқаррароти Конститутсия ва қонунҳоро ҳимоя намояд, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мустаҳкам шудаанд. Дуюм, Президент ҳимоятгари ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд мебошад. Ин масъулиятро Президент бо роҳу воситаҳои гуногун ба амал мебарорад. Чораҳои Президент фаврӣ ва пурсамаранд. Масалан, ҷавобан ба муроҷиати сокинони минтақаи Рашт бобати таъмин намудани ҳуқуқи онҳо ба иттилоот дар як муддати кӯтоҳтарин маркази пахши барномаҳои теллевизионӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз тарафи дигар, ба унвони Президент номаҳо ирсол гардида, ҳар яки онҳо омӯхта, таҳлил карда мешавад ва дар ҳолати асоснок будани онҳо чораҳои қатъӣ баҳри барқарор намудани ҳуқуқҳо андешида мешавад. Гузашта аз он Президент мақомоти давлатӣ таъсис намуда, онҳоро вазифадор менамояд, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон мунтазам кор кунанд.
Президенти давлат баҳри ҳимоя намудани Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, ки онҳо ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро низ мустаҳкам намудаанд, механизмҳои муайянро истифода менамояд. Аз он ҷумла, ӯ Дастгоҳ ва Ҳукуматро таъсис намудааст, ки дар он сохторҳои гуногун баҳри иҷро намудани Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Масалан, Президенти ҶТ бо Фармон аз 25-уми феврали соли 2002 Низомнома дар бораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расонид. Тибқи банди 2-и он Дастгоҳи иҷроияи Президент мақоми давлатиест, ки фаъолияти Президент ва Ҳукумати Тоҷикистонро таъмин менамояд. Дар банди 10-и ин Низомнома таъкид карда мешавад, ки вазифаи асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар таъмин намудани шароит баҳри аз тарафи Президент иҷро намудани функсияи ҳомигии Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, ҳуқуқ ва озодии инсону шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастгоҳи иҷроияи Президент аз якчанд воҳидҳои сохторӣ иборат мебошад. Дар қатори онҳо сох- торҳое ҳастанд, ки фаъолияти онҳо махсус ба масоили ҳуқуқу
озодии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Чунин сохтор Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Раёсати мазкур дар асоси Низомномае, ки Президенти кишвар аз 17-уми феврали соли 1998 тасдиқ кардааст, фаъолияти худро оғоз кардааст.
Мутобиқи Низомномаи мазкур вазифаҳои Раёсат аз инҳо иборат аст:
Бо мақсади иҷро намудани вазифаҳои дар боло номбаршуда Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президент чунин функсияҳоро ба ҷо меорад:
Комиссияи назди Ҳукумати Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон. Аз 1-уми апрели соли 2017 Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон қарор намуд, ки Комиссияи назди Ҳукумати Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад. Комиссияи мазкур дар асоси Низомнома фаъолият намуда, мақомоти машваратии байнисоҳавие мебошад, ки баҳри ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо оид ба ҳаёт татбиқ намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст.
Вазифаи асосии ин Комиссия таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад. Комиссия функсияҳои зиёдеро иҷро намуда, ҳуқуқ дорад, ба мақомоти манфиатдор супориш диҳад, ки онҳо риояи ҳуқуқи инсонро таъмин намуда, ҳуқуқҳои поймолшударо барқарор созанд, ҳисоботи шахсони масъулро оид ба риояи ҳуқуқи инсон шунаванд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳукуки инсон. Фаъолияти кумитаи мазкур қисми муҳимми фаъолияти Маҷлиси намояндагонро ташкил менамояд. Тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ салоҳияти Кумитаи мазкурро масъалаҳое ташкил менамояд, ки зич ба ҳуқуқи инсон алоқа доранд. Масалан, омода намудани лоиҳаи санади маънидодкунии Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо, омода намудани қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқ ва озо-
дии инсон ба ҳамин Кумита мансуб аст.
Кумитаи мазкур на танҳо ба фаъолияти қонунгузорӣ, балки ба фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ низ машғул мешавад. Ба ин Кумита ҳар сол аризаву шикоятҳо ва пешниҳодҳо ворид мешаванд, ки аз риояи ҳуқуқ ва озодии инсон сухан меравад. Ин аризаву шикоятҳо дар Кумита баррасӣ карда шуда, баҳри ҳал намудани масъалаҳо ба вазорату идораҳо, мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, шахсони мансабдори онҳо нома ирсол шуда, натиҷаи баррасии онро назорат мекунанд.
Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодии инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ. Кумитаи мазкур бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аз 17-уми апрели соли 2000 сол дар ҳайати 7 нафар узви Маҷлиси миллӣ таъсис дода шудааст. Кумитаи мазкур ҳангоми омӯзиш ва баррасии қонунҳо, онҳоро аз нуқтаи назари риояи асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодии инсон, шаҳрванд ва қонуният амиқ таҳлил намуда, дар иҷлосия фикр ва мавқеи Кумитаро пешниҳод менамояд. Агар қонунҳо бо дарназардошти риояи асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тарҳрезӣ шуда бошанд, он гоҳ Кумита хулосаи мусбӣ пешниҳод менамояд. Агар қонунҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро сарфи назар карда бошанд, чунин лоиҳаи қонунҳо бозпас ба Маҷлиси намояндагон гардонида мешаванд. Бозпас ба Маҷлиси намояндагон гардонидани қонунҳои ғайриҳуқуқӣ яке аз усулҳои бавоситаи муҳофизати ҳуқуқи инсон мебошад.
Дигар усули маъмули мусоидат намудан дар риоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ин дар маҷлиси Кумита даъват намудани шахсони мансабдоре мебошад, ки онҳо масъули риояи ҳуқуқи инсон мебошанд.
Усули дигари фаъолияти Кумита қабули аризаву шикоятҳои шаҳрвандон мебошад. Аризаву шикоятҳои шаҳрвандонро оид ба вайрон намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионӣ омӯхта, баҳри ҳалли қонунӣ ва барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда ба мақомоти салоҳиятнок равон менамоянд ва иҷроии саривақтии онро назорат менамоянд.
Прокуратура. Прокуратура мақоми давлатӣ буда, онро ба гурӯҳи институти давлатии ҳимояи ғайрисудии ҳуқуқи инсон шомил менамоем.
Тибқи Конститутсияи ҶТ функсияи асосии прокуратура назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад (моддаи 93). Ин функсияро Прокурори генералӣ ва прокурорҳои ба ӯ тобеъ ба амал мебароранд.
Прокуратура мақоми ягона ва муттамарказ буда, онро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.
Тарзи ташкил ва фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро Қонунӣ конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратураи ҶТ», ки аз 25-уми июли соли 2005 қабул карда шудааст, ба танзим медарорад.
Мақсад аз назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ҳимояи арзишҳои шахсӣ ва давлатию ҷамъиятӣ мебошад. Моддаи 4-и Қонуни конститутсионӣ вазифаи мақомоти прокуратураро чун таъмин намудани волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳукуқӣ муайян намуда, таъкид бар он намудааст, ки он бо мақсади ҳифзи:
Аз ин лиҳоз, хулоса намудан дуруст аст, ки нақши прокуратура дар таъмин намудани ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд калон аст.
Дар байни самтҳои фаъолияти мақомоти прокуратура самти назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз лиҳози матлаб ва ҳаҷм хеле калон аст. Гузашта аз ин, прокурор ҳангоми фаъолият дар самтҳои гуногун бо ҳуқуқи инсон сару кор мегирад. Чунки объектҳои асосии назорат бо инсон алоқаманд буда, аз тарафи прокурор назорат карда мешавад, ки то чи андоза онҳо ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро риоя намуда истодаанд. Дар бораи пурзӯр намудани назорати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Прокурори генералӣ чандин нишондодҳо ба тасвиб расонида, прокурорҳои тобеашро вазифадор менамояд, ки дар ин соҳа назоратро қатъӣ ва ҷиддӣ ба роҳ монанд.
Адвокатура. Адвокатура дар миёни дигар мақомоти давлатӣ ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро ба дӯш дорад. Мақоми хоссаи он расонидани ёрии ҳуқуқӣ вазифаи ягона ва таъиноти конститутсионии ӯ мебошад.
Моддаҳои 19 ва 92-и Конститутсияи ҶТ истилоҳи адвокат ва адвокатураро мустаҳкам намуда, фаъолияти онҳоро ба дастгиркунӣ ва ҳабси шахс, тафтишоту мурофиаи судии парвандаҳо алоқаманд намудааст. Агар Конститутсия аз як тараф мавҷудияти адвокатураро, пеш аз ҳама бо мурофиаи ҷиноятӣ алоқаманд намуда бошад, аз тарафи дигар он дар мурофиаи маданӣ, маъмурӣ, конститутсионӣ ва хоҷагӣ низ ҳуқуқи иштирок карданро дорад.
Дар асоси Конститутсия Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» (18-уми марти соли 2015) қабул карда шудааст, ки моҳият, мақсад ва вазифаи адвокатура ва шаклҳои ташкилии онро муайян намудааст.
Тибқи моддаи 1-и қонуни мазкур адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди касбӣ буда, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расондани ёрии ҳуқуқиро таъмин менамояд. Адвокат ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳимоя карда, ғояҳои инсондӯстӣ, адолат ва қонуниятро таҷассум менамояд.
Аҳаммияти иҷтимоии адвокатура дар расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиати муроҷиаткунандагон зоҳир шуда, дар шароити эълон намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд дучанд мегардад. Мураккабии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар замони ислоҳоти ҳуқуқӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд, қабули шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тақозо менамояд, ки дар татбиқи дурусти он нақши адвокатҳо – чун ҳуқуқшиносони касбӣ хеле калон аст.
Мафҳумҳоро дар хотир нигоҳ доред: Институтҳои давлатии ҳимояи ғайрисудии ҳуқуқи инсон, Президент – ҳомии Конститутсия ва ҳуқуқи инсон, кафолатҳои ҳуқуқи инсон, прокуратура, адвокатура, ёрии ҳуқуқӣ.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама