§2. Озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ

Озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври амиқ ба низом дароварда шудааст.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

Қисми 2-и моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Дар асоси меъёри мазкур ҳар кас ҳуқуқ дорад ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Соҳибкорӣ фаъолияти мустақили ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифташудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хидмат равона карда шудааст.

Мазмуни озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкориро ҳамагуна фаъолияти ба соҳаи иқтисодиёт равонагардида ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, муқаррар кардан мумкин аст, ки озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ унсури муҳимми низоми ҳуқуқҳои иқтисодии инсон ба шумор меравад. Аз амалигардонии самараноки озодии мазкур некуаҳволии мамлакат вобаста аст. Маҳз барои ҳамин, давлат дар самти ташаккул ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ як қатор тадбирҳоро андешида истодааст.

Озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон бо чандин қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешавад. Аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ».

Ин қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ ба соҳибкорон имкон медиҳанд, ки дар як муҳити шаффоф ва қонунии иқтисодии кишвар фаъолият кунанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Зери мафҳуми ҳуқуқ ба моликият чиро мефаҳмед? Маънии мафҳумҳои «доштан», «истифода» ва «ихтиёрдорӣ»-и моликиятро фаҳмонед.
  2. Шумо кадом шаклҳои моликиятро медонед?
  3. Мерос чист? Моҳияти ҳуқуқ ба мерос аз чӣ иборат аст?4. Ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ дар кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким шудаанд?
  4. Нақши давлатро дар таъмини кафолатҳои озодии фаъолияти соҳибкорӣ муайян намоед.
  5. Озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ дар кадом қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким шудаанд?

Реклама