Ҳуқуқи мутаҳидшавӣ, ки ба иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ муносибати бевосита дорад. Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ бо фарогирии ҳуқуқи таъсис додани иттифоқҳои касаба барои ҳимояи манфиатҳои худ мебошад.
Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ принсипи гуногунандешии (плюрализм) сиёсиро таҷассум карда, ба муътадилии вазъи сиёсӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.
Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои одамон ва шахсони алоҳида озодона фаъолият кунанд. Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ барои шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ихтиёрон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд, барои ҳифзи манфиатҳои умумӣ фаъолият кунанд ва ба ҳадафҳои умумӣ ноил шаванд. Инчунин шаҳрвандон метавонанд ихтиёран ба иттиҳодияҳо узв шаванд ё аз онҳо бароянд. Узвият ва хориҷшудан аз иттиҳодияҳо танҳо ба хоҳиш ва иродаи шаҳрвандон вобаста аст.
Мутобиқи моддаи 20-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ба ҳар кас озодии ассотсиатсияҳо кафолат дода мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро ба муттаҳидшавӣ кафолат медиҳад.
Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.
Қисми 1-и моддаи 28-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ва кафолатҳои он, ҳамчунин тартиби таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (соли 2007), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» (соли 1998) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад.
Реклама