§1. Санадҳои танзимкунанда оид ба андоз ва боҷ

Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси андоз (23-юми декабри 2021 қабул карда шуд ва аз 1-уми январи 2022 амал мекунад) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки муносибатҳои андозиро танзим менамоянд, иборат мебошад. Пардохти саривақтии андозҳо вазифаи конститутсионии ҳар як шаҳрванд аст.

Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.

Моддаи 45-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист.

Андоз пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи кодекси андоз ба буҷет мебошад, ки ба андозаи муайян амалӣ гардида, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад (ба истиснои андози иҷтимоӣ). Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ иборатанд.

Пардохти андоз вазифаҳои ҳар кас аст. Мутобиқи моддаи 34-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупоранда уҳдадор аст:

  1. сари вақт дар баҳисобгирии бақайдгирӣ ба сифати андозсупоранда ва қайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда истад;
  2. ҳамаи уҳдадориҳои андозро мутобиқи ҳамин Кодекс дар ҳаҷми пурра иҷро намояд;
  3. талаботи қонунии мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз иҷро намуда, инчунин ҳангоми вазифаҳои хизматӣ ба фаъолияти қонунии онҳо монеъ нашавад;
  4. дар асоси амрнома шахсони мансабдори мақомоти андозро барои азназаргузаронии амволе, ки объекти андозбандӣ шудааст ва объекти бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, иҷозат диҳад;
  5. ба мақомоти дахлдори андоз эъломияҳои андоз, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс пешниҳод намояд;
  6. ҳисоббаробаркунии пулиро мутобиқи ҳамин Кодекс бо истеъмолкунандагон, ки ҳангоми иҷрои амалиёти тиҷоратӣ ё хизматрасонӣ тавассути пули нақд, кортҳои пардохтии бонкӣ, чекҳо бо татбиқи ҳатмии мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва додани чеки назоратӣ ба дасти истеъмолкунанда сурат мегирад, амалӣ намояд;
  7. бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз баҳисобгирии даромадҳои (хароҷотҳои) худ, объекти андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро пеш барад;
  8. дар муддати на камтар аз соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ маълумоти баҳисобгирии муҳосиботӣ, дигар баҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатҳои барои ҳисоб ва пардохти андозҳои барои ҳамин соли тақвими зарурӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадҳои гирифташуда, хароҷот ва андозҳои пардохтшударо (нигоҳдошташударо) нигоҳ дорад.

Андозсупоранда дигар уҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро иҷро менамояд.

Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои ба зимааш гузошташуда андозсупоранда мутобиқи Кодекси андоз ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

Яке аз мавзуҳои боҷҳои гумрукӣ ин пардохтҳои гумрукӣ мебошад. Пардохтҳои гумрукӣ тибқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.

Қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (3-юми декабри соли 2004), дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки қабул гардиданашон дар ин кодекс нишон дода шудааст ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Реклама