Принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории миллӣ таҷассуми худро ёфтаанд.
Чунончи тибқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзишҳои олианд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Моддаи мазкур аҳаммияти махсусро дорост, зеро он ғояҳои инсондӯстӣ, эҳтиром кардани қадру эътибори ҳамаи одамон, уҳдадориҳои давлат оид ба эътироф кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои асосиро таҳким мебахшад. Ғайр аз ин тибқи моддаи 42-и Конститутсия дар қаламрави Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигар одамонро эҳтиром намояд.
Моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва манъи табъизро инъикос мекунад. Мувофиқи ин модда ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд.
Давлат ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахсро кафолат медиҳад.
Мутобиқи моддаи 14-и Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Маҳдудсозии онҳо танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ мумкин аст.
Принсипҳои бунёдии ҳуқуқи инсон инчунин дар дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд. Қонунгузории ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсонро таҳким бахшидааст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
1. Ибораи «принсипҳои ҳуқуқи инсон» чиро ифода мекунад?
2. Асоси принсипҳои ҳуқуқи инсонро кадом мафҳумҳои муҳимтарин ташкил медиҳанд?
3. Принсипҳои асосии ҳуқуқи инсонро номбар кунед.
Реклама