§3. Ҳимояи судӣ чун ҳимояи афзалиятноки давлатӣ

Муайян шудани ҳимояи судӣ чун ҳимояи афзалиятнок якчанд сабабҳо дорад.

Аввал, ин ки вазифаи ягона ва конститутсионии суд ба амал баровардани адолати судӣ буда, ин фаъо- лият баҳри ҳимоя намудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд равона карда шудааст. Танҳо суд ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳои мубоҳисакунандаро дар натиҷаи гузаронидани фаъолияти махсуси мурофиавӣ муайян намуда, нисбати ин баҳс метавонад адолатро ба амал барорад.

Дуюм, ҳокимияти судӣ аз нигоҳи сохтор ва намуд чунон ташкил карда шудааст, ки хидматрасонии он тамоми қаламрави ҷумҳуриро фаро гирифта, ҳар кас метавонад аз он истифода намояд ва ҳангоми аз қарори суд норозӣ будан метавонад ба суди болоӣ шикоят орад.

Сеюм, суд дар асоси принсипҳое фаъолият менамояд, ки афзалияти онҳоро аз дигар мақомот таъмин менамояд. Судя ҳокимияти судиро мустақил аз номи давлат дар асоси принсипи ошкорбаёнӣ, мубоҳисавӣ будани мурофиа ва баробарии тарафҳо ба амал мебарорад (моддаи 88-и Конститутсия). Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст (моддаи 87-и Конститутсия).

Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ҳамчун ҳуқуқи субъективие, ки ба инсон мутааллиқ аст, фаҳмида мешавад. Яъне инсон имкон дорад талаб намояд, ки баҳри муайян намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои вай, муқаррар кардани асоснокии айб нисбати ӯ пешниҳодшуда, ба ӯ барои баррасии парвандааш, суди мустақилу бетараф, ошкорову адолатпарвар таъмин карда шавад. Аз ин рӯ давлат баҳри иҷро намудани уҳдадориҳои худ (ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад) оид ба таъмин намудани ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ якчанд чорабиниҳоро андешидааст. Мисол, низоми судиро таъсис намуда, онро бо кадри баландихтисос, биноҳои обод ва васоити техникӣ таъмин намудааст. Қонунҳоеро қабул намудааст, ки ҷараёни аз тарафи суд баррасӣ намудани парвандаи конститутсионӣ, ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва маъмуриро ба танзим даровардааст.

Реклама