§2. Низоми ҳуқуқҳои иҷтимоӣ

Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ низоми ягонаро ташкил дода, онҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Ҳуқуқҳои иҷтимоие, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шуда ва ба инсон кафолати ҳаёти осоиштаю арзанда дода, аз таъсироти ноосоишта ва ғайричашм- дошти иқтисодиёт эмин медоранд: ҳуқуқ ба музди меҳнати ҳадди ақалли кафолатдодашуда; ҳуқуқ ба ҳимояи давлатии оила, ғамхорӣ ва парастории махсуси давлат ба оила ва кӯдак, ҳимояи давлатии ятимон ва маъюбон, ҳуқуқ ба ҳимояи давлатӣ дар вақти пиронсолӣ, беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва маҳрум шудан аз сарпараст; ҳуқуқ ба тарбия ва таълими ятимон ва маъюбон аз ҷониби давлат, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии ройгони тиббӣ дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурустӣ.
  2. Ҳуқуқҳои иҷтимоии дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдодашудае, ки рушди муътадили физиологии инсонро таъмин мекунанд: ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ба тарзи ҳаёти солим ва дастрасӣ ба маълумот оид ба вазъи ҳақиқии он.
  3. Ҳуқуқҳои иҷтимоие, ки баҳри муваффақ шудан ба ҳамкории иҷтимоӣ дар ҷомеа имконият медиҳанд: ҳуқуқи таъсис ё ташкил додани иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Кадом ҳуқуқу озодиҳоро иҷтимоӣ меноманд? Ба ақидаи шумо, кадом хусусиятҳо онҳоро аз дигар ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд фарқ мекунанд?
  2. Низоми ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ чиро ифода мекунанд?
  3. Ба хотир оред, ки давлати иҷтимоӣ чист?
  4. Давлати иҷтимоӣ ба шаҳрвандони худ кадом кафолатҳоро медиҳад?

Реклама