Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.
Моддаи 31-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳуқуқи муроҷиати шаҳрвандонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» (соли 2016) низ ба танзим медарорад. Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ, бо тартиби муқарраркардаи қонун ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.
Муроҷиаткунанда – шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар муроҷиат намудааст.
Дар қонуни мазкур навъҳои зерини муроҷиат истифода мешавад:
Ариза – хоҳиш дар бораи мусоидат намудан ба амалисозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар ё пешниҳод намудани маълумот дар бораи вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, норасоиҳо дар фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор ё танқиди фаъолияти шахсони мансабдор, роҳбарон ва кормандони мақомоту ташкилоти дахлдор.
Дархост – хоҳиш дар бораи аз ҷониби шахси ваколатдор дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани амали муайян барои қонеъ намудани талаботи муроҷиаткунанда.
Таклиф – тавсия оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, беҳгардонии соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлат ва ҳаёти ҷомеа.
Шикоят – изҳори норозигӣ нисбат ба амали (беамалӣ)-и шахсони мансабдор, роҳбарон ва шахсони ваколатдоршудаи мақомоту ташкилоти дахлдор ҷиҳати ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳо ё манфиати қонунии вайронгардидаи худ ё шахсони дигар.
Муроҷиатҳои ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда дар давоми 30 рӯз ва муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рӯз аз рӯзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба зиммаи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он вогузор карда шудааст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама