§2. Механизмҳои универсалии ҳимояи ҳуқуқи инсон

Бо ба итмом расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки масъалаи ҳимояи ҳуқуқи инсон салоҳияти як давлат нест. Ҳамакнун, масъалае, ки пурра ба салоҳияти давлат вогузор гардида буд, ба сифати мушкилоти аввалиндараҷаи ҷомеаи байналмилалӣ мубаддал гардида, тадриҷан зери таъсири меъёрҳои байналмилалӣ қарор гирифт. Соли 1945 ҳанӯз дар Конференсияи Қрим зарурати таъсиси мақомоти нави байналмилалие, ки сулҳи сартосариро таъмин карда тавонад, таъкид шуда буд.

Дар шаҳри Сан Франсискои ИМА аз моҳи апрел то июни соли 1945 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки 50 давлат мавриди муҳокима қарор гирифт ва 26-уми июни ҳамон сол имзо шуд. Вале танҳо баъди тасдиқ шудани он аз ҷониби аъзои доимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар санаи 24-уми октябри соли 1945 ба ҳукми амал даромад ва ин рӯз чун рӯзи таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид шинохта шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид бо мақсадҳои зерин таъсис дода шудааст: дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ; андешидани тадбирҳои пурсамари дастаҷамъона барои пешгирӣ ва бартарафсозии таҳдидҳо ба сулҳ; бо роҳи

мусолиматомез ҳал кардани баҳсҳои байналмилалӣ; рушди муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо; амалисозии ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои байналмилалии характери иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инсондӯстона дошта; дастгирӣ ва инкишоф додани эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии ҳамагон, сарфи назар аз тафовутҳои нажодӣ, ҷинсӣ, забон, дин. (моддаи 1-и Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид).

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ. 2-юми марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гардид. Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид бо муассисаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид муваффақона ҳамкорӣ мекунад. Таҷриба ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр соҳаҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун роҳнамои амалиёт тавсия шудааст. Мамлакати мо аксарияти санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро имзо карда, онҳоро дар ҳаёт фаъолона татбиқ менамояд.

Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ нахустин қарордоди байналмилалиест, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон асос гузошт.

Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аз дебоча, 19 боб ва 111 модда иборат аст. Қисми ҷудонопазири Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид Статути Суди байналмилалӣ мебошад. Созмони Милали Муттаҳид давлатҳоро вазифадор мекунад, ки ҳамкориҳои байналмилалиро бо мақсадҳои ёрӣ расонидан ба эҳтирому риояи умумии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама, сарфи назар аз тафовутҳои нажодӣ, ҷинсӣ, забон, дин ва ғайра вусъат бахшанд. Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии рушд ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар ҳуқуқи муосири байналмилалӣ муайян менамояд.

Принсипҳои асосии фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар моддаи 2-и Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳким ёфтаанд:

  1. Соҳибихтиёрии баробари ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид;
  2. Иҷрои поквиҷдононаи уҳдадориҳои ба зимма гирифташуда;
  3. Ҳалли мусолиматомези баҳсҳои байналмилалӣ бо усулҳое, ки боиси таҳдид ба сулҳу амнияти байналмилалӣ нашаванд;
  4. Таъмини давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид набуда мувофиқи принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид амал намоянд;
  5. Дахолат накардани Созмони Милали Муттаҳид ба корҳое, ки салоҳиятҳои дохилии ҳар давлат мебошанд.

Тибқи Оиннома яке аз самтҳои фаъолияти Созмони Милалро ташкили ҳамкориҳои байналхалқӣ бо мақсади ёрӣ расонидан ба эҳтирому риояи умумии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама, сарфи назар аз тафовутҳои гуногуни иҷтимоӣ ташкил медиҳад.

Мақомоти асосии СММ. Мувофиқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид сохтори он аз шаш мақоми асосӣ иборат аст: Ассамблеяи Генералӣ, Шурои амният, Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Шурои васоят (ҳоло бинобар сабаби ба даст овардани истиқлоли қаламравҳои таҳти васоят қарордошта мақомоти мазкур барҳам дода шудааст), Суди байналмилалӣ ва Котибот.

Дар маҷмуъ ҳар яке аз ин сохторҳо дар самти эҳтиром ва таъмини ҳуқуқи инсон фаъолият мебаранд.

Ассамблеяи Генералӣ. Масъулияти асосӣ оид ба иҷрои функсияҳои Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд бар души Ассамблеяи Генералӣ ва дар зери роҳбарии он ба Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ШИИ) вогузор карда шудааст.

Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид мақоми асосии машваратӣ мебошад, қи қарорҳояш оид ба масъалаҳои муҳим бо овоздиҳии аксарият – аз се ду ҳиссаи аъзои дар овоздиҳӣ иштирокдоштаи Ассамблея қабул мешаванд.

Ассамблеяи Генералӣ се навъи иҷлосияро мегузаронад: иҷлосияи муқаррарӣ (ҳамешагӣ); иҷлосияи махсус; иҷлосияи фавқулода. Иҷлосияи муқаррарии Ассамблеяи Генералӣ ҳар сол баргузор мегардад. Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералӣ доир ба масъалаи дилхоҳ бо даъвати Шурои амният, аксарияти аъзои ташкилот ё бо талаби яке аз аъзои Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Иҷлосияи фавқулодаи Ассамблеяи Генералӣ дар вақти зарурӣ барпо мешавад, асосан, агар таҳдид ба сулҳ бошад ё сулҳ ҳалалдор шуда бошад ва ё Шурои амният натавонад чунин тадбирро андешад. Барои даъвати иҷлосияи фавқулода дар муддати 24 соат аз лаҳзаи гирифтани котиботи Генералӣ дархост барпо карда мешавад.

Шурои амният мақомоти марказии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки нақши асосии он дар дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ифода мегардад. Шурои Амният аз 15 давлати аъзо иборат буда, 5-тои онҳо аъзои доимӣ ва 10-тояшон ғайридоимӣ мебошанд ва аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ интихоб карда мешаванд. Аъзои доимии Шурои амният: Иттиҳоди Шуравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Чин ва Фаронса. Дар айни замон ҷойи Иттиҳоди Шуравиро дар Шурои амният Федератсияи Русия ишғол менамояд.

Шурои амният ваколатдор аст, ки ҳама гуна баҳс ва ҳама гуна вазъияти ба нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ таҳдидкунандаро тафтиш кунад. Ӯ мавҷудияти ҳама гуна таҳдид ба сулҳ, ҳодисаҳои вайрон кардани сулҳро муайян сохта, тавсияҳо медиҳад ё қарор мекунад, ки барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сулҳу амнияти байналмилалӣ чӣ гуна чораҳо дидан лозим аст. Ба ибораи дигар, ҳамаи масъалаҳои марбут ба нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ба салоҳияти Шурои амният тааллуқ доранд.

Мутобиқи моддаи 25-и Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба зиммаи худ уҳдадорӣ гирифтаанд, ки ба қарорҳои Шурои амният итоат карда, онҳоро иҷро намоянд. Қарори Шурои амният бо роҳи овоздиҳӣ қабул мешавад. Қарорҳои Шурои амният вақте қабул мегарданд, ки ба ҷонибдории онҳо нуҳ аъзо овоз диҳанд. Агар ҳатто як узви доимӣ зид овоз диҳад, қарор қабулнагардида ҳисоб мешавад. Чунин ҳуқуқи аъзои доимии Шурои Амниятро ҳуқуқи вето (ҳуқуқи боз- доштан ё бекор кардан) меноманд.

Вето (аз лот. veto – манъ мекунам) – санади боздоранда ё роҳнадиҳанда ба қувваи амал пайдо кардани ягон мақомот.

Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ. Ин Шуро аз ҷумлаи мақомоти асосии Созмони Милали Муттаҳид буда, аз 54 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид иборат аст, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ ба муҳлати се сол интихоб гардида, сеяки онҳо ҳар сол аз нав интихоб карда мешаванд.

Вазифаҳои асосии ин мақомот ёрӣ кардан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, шуғли пурраи аҳолӣ, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг ва маориф, эҳтиром ва риояи ҳамагонии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама мебошад.

Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳидро амалӣ гардонда, миёнрави робитаи онҳо ба Созмони Милали Муттаҳид аст.

Ин мақомот ваколатдор аст, ки тадқиқот гузаронида, оид ба масъалаҳои байналмилалии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин, дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон маърӯзаҳо тайёр кунад, аз рӯйи онҳо ба Созмони Милали Муттаҳид, Ассамблеяи Генералӣ ва ташкилоти махсусгардонидашудаи манфиатдор тавсияҳо манзур намояд. Ҳар узви Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ як намоянда дорад.

Шурои васоят. Мутобиқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид Шурои васоят вазифаҳои Созмони Милали Муттаҳидро оид ба муносибат ба қаламраве, ки бо низоми байналмилалии васоят фаро гирифта шуда буданд, амалӣ месохт. Дар айни замон ба сабаби додани истиқлолият ба ҳамаи қаламравҳои таҳти васоят қарордошта зарурат ба чунин мақомот аз байн рафтааст.

Суди байналмилалии СММ. Дар асоси оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Статути Суди байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид, ки ҷузъи ҷудонопазирии он мебошад, фаъолият мекунад.

Суди байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид аз 15 судяи мустақил иборат мебошад, ки онҳо қатъи назар аз шаҳрвандӣ аз миёни шахсони дорои ахлоқи баланди мутобиқ бо дархостҳое, ки дар кишварҳои онхо барои таъин дар мақомоти олии судӣ муқаррар шудааст ё аз ҷумлаи ҳуқуқшиносони бонуфузи соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ интихоб мешаванд. Судяҳои Суди байналмилалӣ аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ ва Шурои амният ба муҳлати 9 сол интихоб карда мешавад. Ҳайати Суди байналмилалӣ аз Раис, ноиби раис ва котиб иборат аст. Муҳлати ваколати Раис, ноиби раис ва котиби Суди байналмилалӣ се солро такшкил медиҳад.

Ҳар як кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид уҳдадор мебошад, ки қарорҳои Суди байналмилалии Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳар маврид, ки ба он дахл дорад, иҷро кунад ва дар ҳолати иҷро накардан тарафи дигар метавонад ба Шурои амният муроҷиат кунад ва Шурои амният агар лозим донад, тавсияҳо медиҳад ё чораҳои таъсирбахшро меандешад.

Қароргоҳи Суди байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Гаага (Ҳолланд) мебошад, вале ин монеъ намешавад, ки Суд дар ҷойҳои дигар ва дар ҳамаи ҳолатҳое, ки лозим медонад, маҷлис барпо карда вазифаҳои худро анҷом диҳад. Забони расмии Суди байналмилалӣ – фаронсавӣ ва англисӣ мебошад.

Котиботи СММ мақоми асосии масъули Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки аз Котиби Генералӣ ва дигар кормандон иборат аст. Котиби Генералӣ аз тарафи Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид бо тавсияи Шурои амният ба муҳлати 5 сол таъин мешавад. Котиботи Созмони Милали Муттаҳид таъмини муътадили фаъолияти тамоми мақомоти асосӣ ва ёрирасони Созмони Милали Муттаҳидро ба роҳ монда, барномаю функсия ва сиёсати пешгирифтаи Созмони Милали Муттаҳидро дар амал татбиқ менамояд.

Котиботи Созмони Милали Муттаҳид вазифаҳои маъмурию техникии Созмони Милали Муттаҳидро амалӣ менамояд: аз ҷумла, тайёр кардани мавод, тарҷума, нашр ва паҳн кардани маърӯзаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии Созмони Милали Муттаҳид; таъмини хизматрасонии мақомоти Созмони Милали Муттаҳид; коркард ва таҳияи барнома ва татбиқи сиёсати низоми мақомоти Созмони Милали Муттаҳид; тайёр, нашр ва паҳн кардани ҳисобот оид ба иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид; нигаҳдошти ҳуҷҷатҳо дар бойгонӣ, паҳн кардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои Ассамблеяи Генералӣ ба кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид; бақайдгирӣ ва омӯзиши шартномаҳои байналмилалие, ки аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расондаанд.

Қароргоҳи Котиботи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ва шуъбаҳои ҷудогонаи он дар Вена, Женева, Найроби, Бангкок ва дигар шаҳрҳо ҷойгир мебошанд.

Котиботи Созмони Милали Муттаҳидро Котиби Генералӣ сарварӣ менамояд.

Мақомоти шартномавии СММ. Яке аз дастовардҳои Созмони Милали Муттаҳид ташкили мақомоти шартномавӣ тибқи муқаррароти шартномаҳои (конвенсияҳои) умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Мақомоте, ки барои таъмини иҷрои чунин конвенсияҳо таъсис дода шудаанд, мақомоти шартномавии Созмони Милали Муттаҳид ном доранд. Хусусияти мақомоти шартномавии Созмони Милали Муттаҳид дар он аст, ки тартиби ташаккул ва салоҳияти онҳо дар шартномаҳо оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар карда шудааст.

Ба зумраи мақомоти шартномавии Созмони Милали Муттаҳид инҳо доҳил мешаванд: Кумита оид ба ҳуқуқи инсон, Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Кумитаи зидди шиканҷа, Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Кумита оид ба рафъи табъизи нажодӣ, Кумита оид ба рафъи табъиз нисбат ба занон, Кумита оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ, Кумита оид ба ҳимояи ҳуқуқи шахсони маъюб ва Кумита оид ба ҳимояи ҳамаи шахсон аз нопадидшавии иҷборӣ.

Тибқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ, мақомоти шартномавӣ аз 10 то 23 нафар коршиносон иборатанд ва аз рӯйхатти шахсоне, ки аз ҷониби давлатҳои иштирокчии Конвенсияи дахлдор дар ҷаласаи давлатҳои ширкаткунанда бо овоздиҳии пинҳонӣ пешбарӣ шудаанд, ба муҳлати чор сол интихоб карда мешаванд.

Тартиби интихоби коршиносон дар ҳама кумитаҳо амалан якхела аст. Интихоботи аъзои мақомоти шартномавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар анҷуманҳои давлатҳои иштирокчии конвенсияи дахлдор баргузор мегардад. Барои баргузории чунин анҷуманҳо бояд аз се ду ҳиссаи иштирокдорони конвенсия овоз диҳанд.

Вазифаи мақомоти шартномавӣ. Вазифаи асосии мақомоти шартномавӣ баррасии ҳисоботи давлатҳои иштирокчӣ дар бораи чораҳои андешидаашон оид ба татбиқи ҳуқуқҳои дар шартномаҳои умумиҷаҳонӣ эътирофшуда ва пешрафт дар татбиқи ин ҳуқуқҳо мебошад. Дар асоси омӯзиши маърӯзаҳо ва дигар мавод, кумитаҳо ба давлатҳои иштирокчӣ тавсияҳои мушаххас медиҳанд. Ба вазифаҳои мақомоти шартномавӣ оид ба ҳуқуқи инсон таҳияи шартҳои умумӣ дохил карда мешаванд, ки дар шакли тавзеҳи муқаррароти конвенсияҳои дахлдор сурат мегиранд ва барои кумак ба давлатҳои ширкаткунанда дар татбиқи муқаррароти ин конвенсияҳо пешбинӣ шудаанд.

Кумитаи оид ба ҳуқуқи инсон. Ин мақомоти Созмони Милали Муттаҳид соли 1977 таъсис ёфта, ба амалишавии меъёрҳои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1966) назорат мебарад. Кумитаи оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад гузориш ва шикоятҳоро дар бораи вайрон гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии инсон, ки аз давлатҳои аъзо мерасанд, баррасӣ намояд. Ҳамчунин, ваколатдор аст, ки маърӯзаҳоро оид ба тадбирҳои андешидашуда ва дастовардҳои амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои аъзо қабул кунад ва баррасӣ намояд. Ҳамзамон, Кумита шикоятҳои хаттии ашхоси алоҳидаро низ, ки ҳуқуқҳояшон вайрон карда шудаанд, баррасӣ мекунад, агар талаботҳои зерин риоя шуда бошанд:

  • шикоят бояд ба як ва ё якчанд ҳуқуқе, ки дар ПБХСШ муқаррар гардидаанд тааллуқ дошта бошад;
  • шикоят бояд аз ҷониби худи шахси ҳуқуқаш поймолгардида (қурбонӣ) ва ё намояндаи вай пешниҳод гардад. Агар тахмин равад, ки қурбонӣ имконияти мустақилона муроҷиат намудан надорад ва касеро аз номи худ ваколатдор карда наметавонад;
  • давлате, ки ба муқобили вай шикоят ирсол мегардад бояд аъзои Протоколи иловагӣ бошад;
  • шикояткунанда аз тамоми воситаҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон истифода барад ва танҳо баъди қонеъ нашудан ба Кумита муроҷиат намояд. Ин қоида истисно мешавад, агар дар қонунгузории миллӣ воситаҳои ҳимояи чунин ҳуқуқҳо пешбинӣ нашуда бошанд ва ё баррасии парванда дар зинаҳои миллӣ беасос таъхир ёбад;
  • кумита шикоятро қабул наменамояд, агар худи ҳамин масъала дар як маврид дар мақомоти дигари байналмилалӣ баррасӣ шуда истода бошад;
  • шикоят набояд анонимӣ ва хусусияти таҳқиромез дошта бошад.

Баррасии шикоят аз се марҳала иборат мебошад:

  1. Бақайдгирии шикоят;
  2. Тадқиқи масъалаи қабули шикоят;
  3. Баррасии моҳияти шикоят.

Кумита ин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, дар интиҳо ақидаи худро баён менамояд ва ин ақидаҳо дар ҳуҷҷатҳои ҳарсолаи Созмони Милали Муттаҳид нашр мегарданд. Вале, қайд кардан лозим аст, ки қарорҳои Кумита оид ба ҳукуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид хусусияти тавсиявӣ доранд.

Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Ин мақом соли 1985 аз ҷониби Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таъмини иҷрои меъёрҳои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ созмон дода шудааст. Вазифаи асосӣ кумита аз инҳо иборат мебошад: назорат аз болои иҷрои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; баррасии ҳисоботи кишварҳои узв оид ба пешрафт ва мушкилоти татбиқи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ: пешниҳоди тавсияҳо барои беҳтар намудани вазъи ҳуқуқҳои инсон. Шаклҳои асосии фаъолияти Кумита инҳо ба шумор мераванд: баррасии маърӯзаҳои давлатҳои аъзо; рӯзҳои муколамаи умумӣ; таҳияи Мулоҳизаҳои тартиботи умумӣ.

Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқҳои зеринро ҳифз мекунад:

  • Ҳуқуқ ба меҳнат (аз ҷумла шароити кории одилона ва пар-дохти музди муносиб)
  • Ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ (дастрасӣ ба нафақа, кумакпулӣ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ)
  • Ҳуқуқ ба саломатӣ (дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ ва муҳити солим)
  • Ҳуқуқ ба маориф (таъмини таҳсили бепул ва босифат)
  • Ҳуқуқ ба фарҳанг (иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ)
  • Ҳуқуқ ба ғизо ва манзил (дастрасӣ ба ғизои кофӣ ва манзили муносиб)

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамроҳ шудаст.

Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдак. Ин Кумита соли 1991 бо мақсади таъмин намудани иҷрои талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак созмон дода шудааст. Кумита ба иҷрои уҳдадориҳои давлатҳои аъзо дар соҳаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак назорат мебарад. Давлатҳои аъзо вазифадоранд, ки ба Кумита оид ба иҷрои Конвенсия ва пешрафт дар соҳаи татбиқи амалии ҳуқуқи кӯдак маърӯзаҳо пешниҳод намоянд.

Кумита механизми баррасии шикоятҳои инфиродиро надорад.

Реклама