Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият аз қабили ҳуқуқҳои шахсии инсон буда, аз табиат ва манзалати инсон сарчашма мегирад. Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро ба гурӯҳи насли аввали ҳуқуқи инсон мансуб медонанд.
Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ дар моддаи 3 чунин муқаррар карда шудааст: «Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад». Чунин муқаррарот, баъдтар соли 1966 дар Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (моддаи 9, қисми 1) низ мустаҳкам карда шуд: «Ҳар як инсон ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад». Ҳеҷ кас наметавонад худсарона ба ҳабс гирифта шавад ё дар ҳабс нигоҳ дошта шавад. Ҳеҷ кас набояд аз озодӣ, ғайр аз асосҳо ва мутобиқи расмиёте, ки тавассути қонун муқаррар карда шудаанд, маҳрум карда шавад».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро бо меъёрҳои алоҳида пешбинӣ намудааст, ки аз рӯйи мазмун бо муқаррароти санадҳои дар боло зикршуда мувофиқат мекунад. Мисол, дар қисми 3-и моддаи 5-и Конститутсия муқаррар карда шудааст, ки «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Яъне аз тарафи давлат ҳамагуна озодии табии инсон, ки ба манфиати шахсони дигар, ҷомеа ва давлат зарар надорад, эътироф, риоя ва ҳифз карда мешавад. Ё дар моддаи 17-и Конститутсия таъкид карда шудааст, ки давлат озодии ҳар касро кафолат медиҳад. Истилоҳи озодӣ, ки дар ин меъёрҳои Конститутсия истифода шудаанд, мазмуни васеъ дошта, зери он озодии шахс, озодии афкор ва сухан, озодии ахбор, озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, озодии интихоби маҳалли зист, озодии ҷинсӣ, озодии ширкат дар маҷлисҳо ва намоишҳо, озодии эҷодиёт ва дигар озодиҳо фаҳмида мешавад.
Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият арзишҳои аз ҳамдигар ҷудонопазир мебошад. Яъне шахсе, ки озодии ӯ таъмин карда шудааст, дахлнопазир ҳам мебошад. Ва агар дахлнопазирии шахс таъмин шуда бошад, пас ӯ инсони озод аст. Аз ин рӯ мазмуни ҳуқуқ ба озодӣ ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсият ба ҳам қаробат дошта, ҳамдигарро пурра менамоянд.
Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият аз ду қисмат иборат буда, якум озодии инфиродии шахс доир ба ихтиёрдории пиндору гуфтору рафтор, дувум дахлнопазирии ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва равонии шахс, ҳаёти шахсӣ ифода меёбад.
Реклама