Тарбияи ватандӯстӣ – ин фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоти (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон буда, барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронида шудааст.
Тарбияи ватандӯстӣ аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо қабул шудани Конститутсияи ҶТ аркон ва арзишҳои тарбияи ватандӯстӣ: ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, тамомияти арзии давлат дар он таҷассуми худро ёфта, ҳамчун рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст. Ин масъалаи муҳим зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ қарор дошта, Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳо ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии ҶТ доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд.
Бояд гуфт, ки 24-уми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони ҷумҳурӣ ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.
Дар Қонуни мазкур тарбияи на танҳо наврасону ҷавонон, балки кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста ба синну сол, касбу кор, мансабу вазифа, мансубияти қавмию динӣ, категорияи иҷтимоӣ мавриди назар буда, аз ҳама тақозо мешавад, ки дар заминаи меъёрҳои қонун дар иҷрои рисолати шаҳрвандӣ, қарзи фарзандӣ, масъулияти ватандории хеш ташаббусу фаъолияти судманд зоҳир намоянд.
Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, тавассути таълифоту суханрониҳо ва паёмҳои ҳамасола ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳуриро пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама