Мазмуни қоидаи эҳтимолияти бегуноҳиро моддаи 20-и Конститутсия ифода намудааст: «Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад». Ҳукми суд баъд аз даҳ шабонарӯзи эълон шудани вай, агар аз болои он шикояти кассатсионӣ оварда нашуда бошад, эътибори қонунӣ пайдо менамояд.
Эҳтимолияти бегуноҳӣ ҳолати воқеӣ ва ҳуқуқии инсонро новобаста аз он ки вай ба сифати гумонбаршаванда, айбдоршаванда ё судшаванда ба ҷараёни муносибатҳои мурофиавӣ-ҷиноятӣ кашида шудаанд, тасдиқ менамояд.
Аз ин рӯ бесабаб нест, ки дар бисёр санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ин принсип мавқеи марказиро ишғол намудааст (қисми 1-и моддаи 11-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, соли 1948; қисми 2-и моддаи 14-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, соли 1966; қисми 2-и моддаи 6-и Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, соли 1996). Мавҷудияти ин принсипро дар низоми ҳуқуқии ҳар як давлати соҳибихтиёру мустақил, ки роҳ ба сӯйи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва эҳёи ҷомеаи шаҳрвандиро дорад, метавон ҳамчун нишонаи муносибати саршор аз ҳурмату эҳтироми давлат ба шахсият ҳамчун арзиши олии иҷтимоӣ баҳо дод.
Мувофиқи принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ шахсе, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар ва ё айбдор карда шудааст, то он лаҳзае, ки гуноҳи ӯ пурра тавассути ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд исбот нашудааст, фаризатан бегуноҳ эътироф мешавад. Дар баробари ин эҳтимолияти бегуноҳӣ ба чунин қоидае, ки айбдоршаванда дар ҳақиқат дар содир намудани ҷиноят мутлақо гуноҳ надорад, ҳаммаъно нест. Принсипи мазкур талаб менамояд, ки айбдоршаванда то он лаҳзае, ки ҳукми суд нисбат ба ӯ ҳанӯз ба қувваи қонунӣ надаромадааст, бегуноҳ пиндошта шавад. Ин ғояи фарзияи бегуноҳист, яъне ҳолатеро ифода менамояд, ки мутобиқи он айбдоршаванда то замоне, ки гуноҳи ӯ тибқи қонун исбот нашавад, бегуноҳ ҳисобида мешавад.
Реклама