§3. Механизмҳои судии ҳимояи ҳуқуқи инсон

Ҳокимияти судӣ мувофиқи моддаи 84-и Конститусия ҶТ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Моддаи 2-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи суд- ҳои ҶТ» муайян менамояд, ки ҳокимияти судӣ ба суд мутааллиқ буда, ҳеҷ як мақомот ва ё шахс ҳуқуқи ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надорад. Аз ин ҷо яке аз аломатҳои асосии адолати судӣ ин субъекти фаъолият буда, танҳо суди дар асоси қонун ташкилшуда баромад менамояд.

Суд ҳамчун мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар фаъолияти худ мустақил буда, дар қазоват намудани баҳси байни давлат ва шахс, байни мақомоти давлатӣ, байни ташкилоту корхонаҳо ва байни шахсон нақши асосиро иҷро менамояд. Адолати судӣ як шакли махсуси фаъолияти давлатӣ буда, дар асоси Конститутсия ва қонунҳо дида баромадан ва ҳал намудани парвандаҳои конститутсионӣ, ҷиноятӣ, маданӣ, маъмурӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ сурат гирифта, дар натиҷа баҳри ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеаву давлат қарорҳои дахлдор қабул карда, ҳақ ба ҳақдор расонида шуда, адолат мустаҷоб гашта, иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ аст.

Низоми судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳти мафҳуми низоми судӣ маҷмуи ҳамаи намудҳои судҳо ва зинаҳои онҳо, ки тибқи қонун муайян шудааст, фаҳмида мешавад. Моддаи 84-и Конститутсияи ҶТ низоми судиро чунин муайян намудааст: Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе.

Ин низоми судӣ ягона буда, ҳамаи онҳо адолати судиро ба амал мебароранд. Тарзи ташкил, сохтор ва фаъолияти онҳо аз тарафи Қонуни конститутсинӣ «Дар бораи судҳои ҶТ» (соли 2014) ба танзим дароварда шудааст.

Низоми ягонаи судиро вобаста ба салоҳият ва самти фаъолият шартан ба ду намуд ҷудо намудан мумкин аст:

1. Судҳои салоҳияташон умумӣ; 2. Судҳои салоҳияташон махсус.

Ба судҳои салоҳияташон умумӣ мансубанд: Суди Олии ҶТ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳрию ноҳиявӣ.

Низоми судҳои салоҳияташон умумӣ аз се зина иборат буда, ҳар як зинаи он ба воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мувофиқ буда, тамоми қаламрави ҷумҳуриро фаро мегиранд. Ин судҳо аксари парвандаҳои судиро баррасӣ менамоянд.

Суди конститутсионӣ. Суди конститутсионӣ ба гурӯҳи суд- ҳои салоҳияташон махсус дохил буда, дар низоми ягонаи судии ҶТ мақоми хоссаро ишғол менамоянд. Тартиби ташкил, салоҳият ва фаъолияти Суди конститутсиониро Конститутсия (моддаи 89) ва Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» (соли 2014) муайян намудааст.

Мувофиқи моддаи 1-и Қонуни конститусионии мазкур Суди конститутсионии ҶТ мақоми мустақили ҳокимияти судӣ буда, бо мақсади ҳифз намудани Конститусия бо роҳи амалӣ намудани назорати конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти меъёрҳои Конститутсия, амали бевоситаи онҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис дода мешавад.

Суди конститутсионӣ дар низоми судӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, ҳайати он аз 7 нафар судя иборат буда, ҳамаи онҳо, аз ҷумла Раис, муовин ва судяҳо бо пешниҳоди Президенти ҶТ аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб карда мешаванд.

Ваколатҳои Суди конститутсиониро ба чор гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: муайян намудани мутобиқат доштани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба Конститутсия; ҳал намудани баҳси байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо; Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудани хиёнат ба давлат хулоса қабул мекунад (моддаи 34); ваколатҳои дигари он (моддаи 35).

Суди конститутсионии ҶТ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои демократии адолати судӣ ба амал мебарорад. Аз ҷумла дар Суди конститутсионӣ муҳокимаи парвандаҳо ошкоро гузаронида мешавад. Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ иштирок намояд, бо рафти он шинос шавад. Мурофиа бо тарзи мубоҳиса гузаронида шуда, тарафҳо дар пешниҳоди таклифу дархост ва далелҳо баробарҳуқуқ мебошанд.

Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» доираи субъектоне, ки ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуданро доранд, муайян намудааст (моддаи 40). Дар қатори дигар субъектон шаҳрвандон низ ҳуқуқ доранд, ки оид ба масъалаи вайронкунии ҳуқуқу озодии конститутсионии онҳо вобаста ба қонуни татбиқшуда дар парвандаи мушаххас баъди баррасии масъала аз тарафи мақомоти дахлдор ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд ва ҳуқуқҳои асосии худро ҳимоя намоянд.

Муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон дар шакли хаттӣ сурат мегирад. Шахсони воқеӣ ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат мекунанд.

Бояд қайд кард, ки ба Суди конститутсионӣ ҳамон санади ҳуқуқӣ шикоят (дархост) карда мешавад, ки характери меъёрии ҳуқуқӣ дошта, номгӯйи онҳоро моддаи 89-и Конститутсия ва моддаи 34 Қонуни конститутсионии мазкур муайян намудааст: лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи Қонунҳо ва дигар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, Қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон.

Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар онҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз лаҳзаи қабул шуданашон эътибори қонунӣ пайдо мекунанд ва аз болои онҳо шикоят кардан мумкин нест.

Иҷрои санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, новобаста ба шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки санадҳои судӣ ба онҳо дахл доранд, ҳатмӣ мебошад.

Дар фаъолияти Суди конститутсионӣ ҳимояи ҳуқуқи инсон мақоми хоссаеро ишғол менамояд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо буда амалӣ намуда, барои ташкили кори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, таъминоти моддию техникии онҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, пешниҳод барои ба вазифа интихоб ва таъин намудан, аз вазифа бозхонд ва озод кардани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро ба сифати суди марҳалаи якум ба тариқи кассатсионӣ, назоратӣ ва аз рӯйи ҳолатҳои нав ошкоргардида баррасӣ менамояд; ҳуқуқ дорад, ки ба Суди конститутсионӣ дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда муроҷиат намояд; таҷриба ва омори судиро ҷамъбаст ва таҳлил намуда, ба судҳо доир ба масъалаҳои татбиқи қонунҳо тавзеҳоти дастурӣ медиҳад ва дигар масъалаҳое, ки қонун муайян намудааст, ҳал менамояд.

Ҳайати Суди Олии ҶТ аз инҳо иборат аст: Раис, муовини якуми Раис, муовинони Раис, судя ва машваратчиёни халқӣ, ки онҳоро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз рӯйи пешниҳоди Президенти мамлакат интихоб менамоянд.

Дар Суди Олии ҶТ Пленуми Суди Олӣ, Раёсати Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ ва коллегияи ҳарбӣ фаъолият мекунанд.

Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Судҳои вилоят, шаҳри Душанбе. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои Вилоят, шаҳри Душанбе дар низоми судӣ зинаи миёна ҳисоб шуда, аз раис, муовини якум, муовини раис, судяҳо ва машваратчиёни ҳалқӣ иборат мебошад.

Азбаски судҳои номбаршуда дар низоми судӣ зинаи миёнаро ишғол менамоянд, агар онҳо аз як тараф парвандаҳоро ба сифати марҳилаи якум моҳиятан баррасӣ намоянд, аз тарафи дигар, онҳоро ба сифати марҳилаи дуюм ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ менамоянд.

Судҳои мазкур он парвандаҳое, ки судҳои шаҳр ва ноҳия моҳиятан дида буданд, ба тариқи кассатсионӣ ва ҳам ба тариқи назоратӣ дида мебароянд. Яъне, агар даъвогар ё ҷавобгар ва ё маҳкумшуда аз ҳукм ва ҳалномаи суди ноҳиявӣ ё шаҳрӣ норозӣ бошад ва агар аз рӯзи эълон намудани ҳукм 10 шабонарӯз нагузашта бошад, онҳо ҳуқуқ доранд ба Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе мувофиқан бо шикоят муроҷиат намоянд. Судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Судҳои вилоят, шаҳри Душанбе дар навбати худ уҳдадоранд, ки шикоятҳоро қабул намуда, дар муҳлати на дертар аз як моҳ онҳоро баррасӣ намоянд.

Судҳои шаҳр ва ноҳия. Судҳои шаҳр ва ноҳия зинаи асосии низоми судӣ ҳисоб мешаванд. Тамоми қаламрави ҶТ аз шаҳр ва ноҳия таркиб ёфта, дар он судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ таъсис дода шудааст.

Судҳои шаҳр ва ноҳия парвандаҳои маданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ ва маъмуриро моҳиятан аввалин шуда, баррасӣ менамоянд.

Ба ин судҳо баррасии ҳамаи парвандаҳо мансуб аст, ба ҷуз аз он парвандаҳое, ки ба судҳои болои тобеият доранд. Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ҳукм ва нисбат ба парвандаҳои маданӣ ҳалнома қабул карда мешавад. Аз сифати фаъолияти касбии ин судҳо сифати кории низоми судӣ вобаста аст.

Ба судҳои шаҳр ва ноҳия бо ҳамаи масъалаҳо муроҷиат намудан мумкин аст. Мисол, агар шахс аз мағоза лавозимоти рӯзгорро харидорӣ намуда бошад, вале дере нагузашта он аз кор барояд, тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» харидор ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки фурӯшанда ин молро бо моли дигари босифат иваз намояд. Дар сурати қонеъ накардани талаботи шахси харидор, ӯ ҳуқуқ дорад ба суди ноҳия бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд, ки дар навбати худ суд уҳдадор аст, ки аризаи даъвогарро қабул намуда, моҳиятан парвандаро пурра, ҳаматарафа ва беғаразона дида баромада, ҳалномаи қонунӣ қабул намояд. Ё дигар ҳолат, шахс аз қарори қабулнамудаи сардори стансияи санитарию гигиении ноҳиявӣ розӣ нест, ӯ метавонад бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳр ё ноҳия муроҷиат намояд, то ки суд муайян намояд, ки оё сардор дуруст рафтор намудааст ё не? Ҳамин тариқ, садҳо масъалаҳо ҳастанд, ки судҳои шаҳр ва ноҳия ҳал менамоянд.

Дар низоми судии ҷумҳурӣ дигар судҳое ҳастанд, ки бо номи судҳои салоҳияташон махсус ёд мешаванд. Ба судҳои салоҳияташон махсус – Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва судҳои ҳарбӣ шомиланд. Дар бораи Суди конститутсионӣ дар боло маълумот дода шуд.

Судҳои иқтисодӣ. Низоми суди иқтисодиро Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил менамоянд. Низоми ин судҳо аз ду зина таркиб ёфтаанд.

Судҳои иқтисодӣ парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ менамоянд. Моҳияти парвандаҳои иқтисодиро баҳсҳои ҳуқуқии байни субъектони хоҷагидор, ки ба фаъолияти иқтисодӣ машғул мебошанд, ташкил менамояд. Ин баҳсҳо бештар дар байни корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ба назар мерасад.

Вале бо дарназардошти хусусӣ гаштани моликият, истеҳсолот низ хусусӣ гашта, дар ба амалбарории он шахсони алоҳида низ фаъолона ширкат мекунанд. Соҳибкорони хусусӣ низ метавонанд ҳуқуқ ва манфиатҳои иқтисодии худро тавассути судҳои иқтисодӣ ҳимоя намоянд.

Судҳои иқтисодии ҶТ дар ҳимоя намудани кафолатҳо (озодии иқтисодӣ, тиҷорат, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият) ва ҳуқуқҳои иқтисодие (ҳуқуқ ба моликият ва ҷуброни товони зарар), ки Конститутсия муқаррар намудааст (моддаҳои 12, 32), нақши асосӣ доранд. Мисол, комбинати тайёр намудани нӯшокиҳои мевагии «Себи сурх» маблағи пулии хоҷагии деҳқонии «Азим»-ро саривақт пардохт накард. Бо ин амал ба хоҷагии деҳқонии «Азим», ки шакли моликияташ хусусӣ аст, зарари калони моддӣ расонид. Хоҷагии деҳқонии «Азим» ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодии вилоятӣ бо аризаи даъвогӣ дар бораи рӯёнидани товони зарар муроҷиат намояд, бо ҳамин ҳуқуқ ва манфиатҳои иқтисодии худро тавассути суди иқтисодӣ ҳимоя намояд.

Судҳои ҳарбии ҶТ ба низоми судии ҶТ дохил буда, дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ, муассисаю корхона ва ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, қӯшунҳои сарҳаддӣ ва дигар қисмҳои алоҳидаи ҳарбӣ адолати судиро ба амал мебарорад.

Фаъолияти судҳои ҳарбӣ баҳри ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои хизматчиёни ҳарбӣ, манфиатҳои ташкилоту муассисаҳои ҳарбӣ, мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ равона карда шудааст.

Ба судҳои ҳарбӣ тамоми парвандаҳои маданӣ оид ба даъвои хидматчиёни ҳарбӣ ба қумондонҳои тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, инчунин парвандаҳое, ки дар онҳо яке аз тарафҳо хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд, тобеъ мебошанд. Судҳои ҳарбӣ парвандаҳоро оид ба шикояти хизматчиёни ҳарбӣ нисбат ба амал ва қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳоро халалдор мекунад, баррасӣ менамоянд.

Ҳамин тариқ, низоми судии ҶТ аз судҳои салоҳияташон умумӣ ва махсус иборат буда, ҳар кадоми онҳо дар ҷой ва мақоми худ баҳри ҳимоя намудани ҳуқуқи инсон нақши беназир доранд.

Мафҳумҳоро дар хотир нигоҳ доред: Ҳокимияти судӣ, низоми судӣ, мурофиаи судӣ, судҳои салоҳияташон умумӣ ва махсус, Суди конститусионӣ, судҳои иқтисодӣ, судҳои ҳарбӣ, адолати судӣ, принсипҳои адолати судӣ.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Ҳокимияти судӣ чист, аломатҳои он кадомҳоанд?
  2. Дар зери ибораи «мурофиаи судӣ» Шумо чиро мефаҳмед?
  3. Низоми судии ҶТ кадом намуди судҳоро дар бар гирифтааст?
  4. Ҳайат ва салоҳияти Суди Олии ҶТ-ро номбар намоед.
  5. Ҳайат ва салоҳияти судхои вилоятиро номбар намоед.
  6. Ҳайат ва салоҳияти судҳои шаҳриву ноҳиявиро номбар намоед.
  7. Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ дар ҶТ барои чӣ таъсис дода шудаанд?
  8. Шахс бо кадом масъала метавонад ба суди конститутсионӣ муроҷиат намояд?
  9. Аломатҳои адолати судӣ ва принсипҳои онро номбар кунед.

Реклама