Ҳуқуқи инсонро вобаста ба асосҳои гуногун тасниф намудан мумкин аст.
Тасниф – усули илмиест, ки дар асоси он падидаҳои гуногун вобаста ба асосҳо ва махсусиятҳо ба намудҳо ё гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд.
Чунин асосҳо инҳо шуда метавонанд:
1. Вобаста ба замони пайдоиш: ҳуқуқҳои насли якум, ҳуқуқҳои насли дуюм (миёнаи асри XX), ҳуқуқҳои насли сеюм (солҳои 70-уми асри XX); 2. Вобаста ба соҳаҳои асосии фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ: ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; 3. Вобаста ба ҳайати субъективӣ ва тарзи ба амалбарориашон ё вобаста ба дараҷаи фардикунонӣ: ҳуқуқу озодиҳои инфиродӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дастаҷамъӣ (коллективӣ); 4. Вобаста ба сатҳи мустаҳкамёбӣ дар санадҳои конститутсионӣ ва байналхалқӣ-ҳуқуқӣ: ҳуқуқу озодиҳои асосӣ ва муштақ (иловагӣ); 5. Вобаста ба имконияти муваққатан маҳдуд намудан: ҳуқуқ ва озодиҳои мутлақ ва нисбӣ; 6. Вобаста ба субъектони махсуси ҳуқуқ: ҳуқуқҳои кӯдакон, занон, пиронсолон, ашхоси имконияташон маҳдуд ҷудо карда мешаванд.
Ба гурӯҳ (намуд)-ҳо ҷудо кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон хусусияти шартӣ дорад. Зеро ҳуқуқ ба таҳсилро ҳамчун ҳуқуқи шахсии ҳар як инсон, ҳамчун ҳуқуқи иҷтимоӣ, ки давлат кафолат медиҳад ва ҳамчун ҳуқуқи фарҳангӣ баррасӣ кардан мумкин аст.
Реклама