§1. Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат

Иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ тавассути ифодаи раъйи онҳо дар интихобот ва раъйпурсӣ, ҳамчунин иштирок дар фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Мутобиқи моддаи 21-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон «Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд».

Дар моддаи 25-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи корҳои давлатро таҳким шудааст.

Шарҳванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моҳияти ин ҳуқуқ аз мафҳуми соҳибихтиёрии халқ бармеояд, яъне ҳокимият ин ҳокимияти халқ аст. Ҳар як шаҳрванде, ки ба он шомил аст, соҳибихтиёр буда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар корҳои давлатӣ истифода мекунад. Ҳар як инсон дар кишвари худ ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дорад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.

Реклама