Дар низоми таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ ба нафақа мавқеи марказиро ишғол менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ду навъи нафақаҳоро муқаррар кардааст: нафақаи меҳнатӣ ва нафақаи иҷтимоӣ. Нафақа барои пиронсолӣ, ҳангоми маъюбӣ, маҳрум шудан аз сарпараст ва ғайра ба нафақаи иҷтимоӣ дохил мешавад.
Нафақаи пиронсолӣ барои мардон аз синни 63-солагӣ дар сурати мавҷудияти собиқаи кории на камтар аз 25 сол ва барои занҳо аз синни 58-солагӣ дар сурати мавҷудияти собиқаи кории на камтар аз 20 сол муқаррар карда шудааст.
Нафақаи иҷтимоӣ бо тартиби махсус, яъне ба шахсоне дода мешавад, ки аз гирифтани нафақаи меҳнатӣ маҳруманд. Навъи дигари таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқи гирифтани кумакпулӣ мебошад. Ин кумакпулӣ ҳангоми муваққатан ғайри қобили кор будан ва гузоштани протез ва ғайра дода мешавад.
Давлат бо тартиботи қонунӣ муайян кардааст, ки кадом мақомоти давлатӣ вазифадор аст, ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандонро таъмин кунад. Амалисозии ин ҳуқуқҳо аз замони бавуҷудоии онҳо вобаста аст.
Қонунгузорӣ баъди баромадан ба нафақа ҳатман аз кор рафтанро пешбинӣ намекунад.
Шахси дар таъминоти одами дигар қарордошта дар мавриди маҳрум шудан аз сарпараст ҳуқуқи гирифтани нафақаро соҳиб мешавад.
Кӯдакони то 18-сола ва муҳассилин ҳуқуқ доранд чунин нафақаро то синни 23-солагӣ гиранд.
Ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоиро кӯдакони маъюби гурӯҳҳои 1, 2 ва 3, мардони синнашон 63-сола ва занҳои синнашон 58-сола, кӯдакони аз сарпарастони худ маҳрумшуда, ҳамчунин маъюбони то 16-сола доранд.
Қонунгузорӣ ду навъи кумакпулии оилавиро пешбинӣ кардааст: кумакпулии яквақта ҳангоми таваллуд шудани кӯдак ва кумакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак то якунимсола шудани вай.
Реклама