§1. Моҳияти ҳуқуқи ташкили оила

Мутобиқи моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Мутобиқи ин меъёр расидан ба синни никоҳӣ шарти ягонаи аз тарафи мард ва зан пайдо кардани ҳуқуқ барои озодона бастани аҳди никоҳ ба шумор меравад. Дар муносибатҳои оилавӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ ҳамсарон баробарҳуқуқанд. Якканикоҳӣ принсипи асосии ташкили оила мебошад. Бисёрникоҳӣ манъ аст.

Дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудани меъёре, ки тибқи он модар ва кӯдак зери ғамхории махсуси давлат мебошанд, ба зиммаи давлат барои рушди соҳаи иҷтимоӣ масъулияти бузург мегузорад.

Ин масъулиятнокӣ аз таҳияи чорабиниҳое иборат аст, ки ба фароҳам овардани шароит баҳри мустаҳкамшавии оила, ҳифзи манфиатҳои ҳамаи аъзои оила, аз ҷумла модар ва кӯдак нигаронида шудаанд.

Инъикоси ин меъёрҳои конститутсионӣ тасдиқ мекунанд, ки дар ҳуқуқи миллӣ муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак (соли 1989), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1966) истифода шудаанд.

Чунончи, дар моддаи 10-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гуфта шудааст, ки оила ячейкаи табиӣ ва асосии ҷомеа буда, аз рӯйи имконият ҳимоя ва ёрии аз ҳама пурвусъат расонида шавад. Никоҳ бояд бо ризоии озодонаи тарафҳои ақди никоҳкунанда баста шавад.

Дар ин санад ҳамчунин қайд гардидааст, ки модарон вақти ҳомиладорӣ, то таваллуд ва баъди таваллуди кӯдак бояд зери парастории махсус бошанд.

Кӯдакон аз истисмори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бояд ҳимоя карда шаванд. Дар моддаи 25-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон муқаррар карда шудааст: «Ҳамаи кӯдаконе, ки дар ақди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояи иҷтимоии баробар истифода намоянд».

Паҳлуҳои ҷудогонаи принсипҳои ҳифзи модарӣ ва кӯдакӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои наврасон дар як қатор эъломияҳои Созмони Байналмилалии Меҳнат таҷассум ёфтаанд. Аз ҷумла дар Конвенсияи Созмони Байналмилалии Меҳнат «Дар бораи ҳимояи модарӣ» пешбинӣ шудааст, ки давомнокии рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд камаш 12 ҳафта буда, давраи ҳатмии рухсатии баъди таваллудро дар бар мегирад.

Реклама