§1. Моҳияти ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ

Хислати худҳимоякунӣ ба ҳар як инсон хос аст. Аммо кирдорҳое содир карда мешаванд, ки ҳимоя аз он бо роҳи худҳимоякунӣ ё имконнопазир аст ва ё судманд нестанд. Қоидаҳои пешқадами ҷомеаи инсонӣ фаъолияти худҳимоявии одамонро маданӣ намуда, имкон фароҳам овардааст, ки онҳо тавассути истифода аз механизмҳои ҳуқуқӣ-оммавӣ манфиатҳои худро ҳимоя намоянд.

Яке аз чунин механизмҳои ҳуқуқӣ – мавҷудияти ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ба ёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Моҳияти ҳуқуқ ба ҳимояи судиро муқаррароти конститутсионӣ дар бораи «Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ менамояд» ташкил мекунад.

Моҳияти ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқиро қобилият ва имконияти шахс оид ба гирифтани ёрии тахассусӣ ва касбие, ки аз ҷониби адвокатҳо ва ҳуқуқшиносони давлатӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ расонида мешавад, ташкил менамояд.

Баҳри иҷро намудани ин вазифа давлат мақомоти алоҳидаеро таъсис додааст, ки фаъолияти онҳо махсус ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, таъмин намудани адолати судӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ равона карда шудааст. Ба мисоли мақомоти судӣ ва адвокатура.

Бинобар ин ҷомеаи инсонӣ талаботи шахсро оид ба ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ аз тарафи суд дарк намуда, онро дар санадҳои ҳуқуқии ҳам байналмилалӣ ва ҳам дохилидавлатӣ ба ҳайси ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ мустаҳкам намудааст.

Реклама